Дар Бонки мо  Шумо имконият доред, ки ҳамаи хизматрасониҳои заруриро, монанди кушодан ва идоракунии суратҳисобҳо, кортҳои пардохтӣ, амалиётҳои мубодилавӣ, қарзҳову маблағгузориҳоро ёбед. 

Тамоми маълумот доир ба хизматрасониҳову маҳсулоти бонкӣ дар ҳамин сомона ба Шумо пешниҳод мешавад.

Кушодани пасандоз дар бонки мо хеле осон аст. Ба куҷо мороҷиат бояд кард? – Ба яке аз филиалҳо ё МХБ-и мо, ё ин ки метавонед ба мо нависед ё занг занед ва кормандони мо ҳатман бо Шумо тамос мегиранд.

Пасандозҳои "Спитамен Бонк"  – ин на танҳо даромади иловагӣ, балки таъмини амнияти воситаҳои пулӣ дар яке аз бонкҳои пешсафи кишвар.

Қарз зарур аст? Мехоҳед мошин ё хона харед, ба саёҳати баҳр равед, ба тиҷорат қувваи нав бахшед ё орзуи дигареро амалӣ намоед? Бо "Спитамен Бонк", бо истифода аз қарзҳои дастрас, ба орзуҳоятон ҷомаи амал пӯшонед. 

Аз номгӯи васеи қарзҳо барои худ беҳтаринашро интихоб кунед: қарзҳои ипотекӣ, қарзҳои истеъмолӣ, автоқарзҳо, агроқарзҳо, қарзҳо барои рушди тиҷорат ва ғ. Меъёрҳои фоизии паст, шартҳои муносиб, мӯҳлати кӯтоҳи гирифтани қарз – яке аз бартариятҳои зиёди Бонк.

Мо яке аз калонтарин номгӯи низомҳои интиқоли маблағҳоро дорем, ки бо истифодаи онҳо метавонед қариб ба ҳамаи давлатҳои дунё пул фиристед ё аз он ҷо қабул кунед. Низоми равзани ягона имконияти сарфаи вақти мизоҷонро, бо тезондани раванди ирсолу қабули воситаҳои пулӣ, медиҳад. 

Бо кушодани суратҳисоб, Шумо дар муддати кӯтоҳ ба стандартҳои баланди хизматрасонӣ одат хоҳед кард. Ба диққати Шумо хизматрасониҳои монанди кушодану идоракунии суратҳисоб бо асъори миллию хориқӣ, интиқоли ғайринақдӣ, хизматрасонии хазинавӣ, SMS- ва E-mail-огоҳкунӣ, амалиёти мубодилавӣ, ҳисоббаробаркуниҳои байналмиллалӣ, амалисозии пардохтҳо бо USD, EUR и RUB ва ғайраро пешниҳод менамоем.

Лоиҳаи маош ва кортҳои пардохтии мо – яке аз муфидтаринҳо мебошанд. Ба Шумо ду корти машҳуртарини дунё – Visa и UnionPay пешниҳод мешавад, ки бо истифодаи онҳо ба номгӯи васеи хизматрасониҳо, монанди пардохтҳои ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо, идорасозии фосилавии суратҳисоб ва ғ., бо тарофаҳои муносиб дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст.   

Ба маркази зангҳои мо занг занед, тариқи сомона ба мо нависед ва кормандони мо тамоми маълумоти иловагии заруриро бароятон пешкаш менамоянд. 


Ба аввал