Ба ширкати Шумо воситаи маҷмаавие пешниҳод мешавад, ки раванди пардохти маошро ба кормандон осон мегардонад. Мо беҳтарин тарофаҳои бонкамонро пешкаш мекунем. Дар доираи ин хизматрасонӣ маоши кормандон ба кортҳои пардохтӣ гузаронида мешавад.

Бартарии ин роҳ дар он аст, ки ширкати Шумо имконияти ихтисори кори муҳосиботро пайдо карда, раванди додани маоши кормандон осонтар мешавад ва хароҷоти вақти пардохт камтар мегардад. Ғайр аз ин махфияти баланди маош таъмин мешавад.

Кормандон метавонанд ҳар замоне хоҳанд, маошро на танҳо аз банкоматҳои “Спитамен Бонк”, балки аз банкоматҳои муассисаҳои молиявии Тоҷикистон ва хориҷӣ гиранд.

Лоиҳаи маош яке аз бароҳаттарин роҳҳои пардохти маоши кормандон аст. Бартариятҳои ин лоиҳа, аз ҷумла инҳоянд:

  • ихтисори кори муҳосибот;
  • соддагардонии пардохти маош ва таъминоти махфият;
  • ихтисори хароҷот барои инкассатсия;
  • имконияти бо як амалиёт гузаронидани маошу мукофотпулии ҳамаи кормандон - бонк мустақилан маблағро байни кортҳои кормандон тақсим менамояд.

Бо гирифтани корти лоиҳаи маош, кормандони Шумо метавонанд: 

  • аз банкоматҳову POS-терминалҳои Бонк бе комиссия пули нақд гиранд;
  • дар Тоҷикистон ва зиёда аз 150 мамлакат бе комиссия пардохт анҷом диҳанд;
  • дар вақти ба онҳо муносиб воситаҳои пулиашонро гиранд.

Дар лоиҳаи маош кортҳои ко-брендингии  "Корти миллӣ"/ UnionPay истифода мешаванд.

Пайвастшавӣ ба лоиҳаи маош:

Агар маълумоти иловагӣ зарур бошад, ё ин ки хоҳиши пайвастшавиро ба лоиҳаи маош дошта бошед, лутфан, ба мо нависед, мутахассисони мо бо Шумо дар замони наздик ба тамос мебароянд.

Барои пайвастшавӣ ба лоиҳаи маош, муроҷиати роҳбари ташкилот  ба яке аз филиалҳо ё МХБ-и мо, ё занги телефонӣ ба маркази зангҳои Бонк барои даъвати мутахассисон барои мулоқот кифоя аст. Мутахассисони мо метавонанд ба корхонаи Шумо ҳозир шаванд, омадани Шумо ба Бонк ҳатмӣ нест.