Visa

Дар бонки мо Шумо метавонед дар мӯҳлати кӯтоҳ машҳуртарин корти дунё – Visa-ро, бо ду дараҷа – Classic ва Gold, ба даст оред.
Бартариятҳои корти Visa:

  • 0% комиссия барои пардохти молу хизматрасонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, Аврупо ва дигар кишварҳои дунё.
  • SMS-бонкинг ва интернет-бонкинг. 
  • Маблағгузаронӣ аз як корт ба дигар (POS P2P Debit) - пур кардани ҳисоби корт тавассути POS-Терминал. 
  • Маблағгузаронӣ аз корт ба корт (ATM). 
  • Имконияти пур кардани ҳисобҳои кортӣ бо маблағҳои ғайринақдӣ: (USD ва TJS). 
  • Имконияти иваз кардани ПИН-код тариқи банкоматҳо.

VisaClassic – ин корти классикии низоми байналмиллалии пардохти Visa. Барои истифода бурдани ин корт авторизатсия ҳатмӣ нест. Нархи яксолаи истифодабарии Visa Classic аз тарафи бонкҳо муайян мешавад, тарофаҳо нисбатан баланд нестанд. Visa Classic, асосан, барои истифодабарандагони дорои даромади миёна ва баландтар муқаррар шудааст. Корт таносуби ҷолиби нарх ва сифатро дорост, ки ин вайро яке аз кортҳои машҳуртарини дунё кардааст.

Корти яккачини Visa Gold ба сегменти премиалии низоми пардохтии Visa дохил мешавад. Чунин қабул шудааст, ки ин корт барои шахсони доираи тиҷоратӣ, ки даромади баланд ва таърихи бонкии хуб доранд, муқаррар шудааст. Visa Gold аз дигар дараҷаҳои кортӣ бо имкониятҳои васеъаш фарқ мекунад.

Бо корти VisaGold, Шумо аз номгӯи зерини минималӣ, ки он аз тарафи бонк пурратар шуда метавонад, истифода бурда метавонед:

  • иштирок дар барномаҳои суғуртавӣ;
  • имконияти гирифтани корти дисконтии IAPA;
  • хадамоти шабонарӯзии дастгирии мизоҷ; 
  • тахфифҳову пешниҳодҳои муфид, мувофиқи барномаҳои махсус.


Тарофаҳои кортҳои Visa

 Номгӯи хизматрасониҳо       Тарофаҳо   
 Visa Classic Visa Gold
  Барориши корт   Ройгон   Ройгон
  Хизматрасонӣ ба корт то 4 сол     120 сомонӣ    180 сомонӣ   
  Пасандози суғуртавӣ     0   1200 сомонӣ 
  Лимити моҳонаи корт    
  Гузаронидани амалиёт тариқи АТМ (миқдор)  25      25
  Гузаронидани амалиёт тариқи POS-терминалҳо (миқдор)  20      20
     

Лимити рӯзонаи корт 

  Гирифтани пули нақд аз АТМ ва POS-терминалҳо  500 USD  500 USD 
  Пардохти маҳсулот ва хизматрасонӣ тариқи POS-терминалҳо  2000 USD  2000 USD 

Шумо метавонед бо тарофаҳои пурра шинос шавед.

Барои фармоиш додани корт, лутфан, ба яке аз филиалҳо ё МХБ-и мо муроҷиат кунед. Ғайр аз ин, Шумо метавонед ба маркази зангҳои мо занг занед ё ба мо нависед ва ба саволҳои худ посух ёбед. Инчунин, метавонед, аз равзанаи дар ҳамин саҳифа ҷой дошта, истифода бурда, дархост равон созед; мутахассисони мо дар муддати кӯтоҳ бо Шумо ба тамос хоҳанд баромад.





Бозгашт ба рӯйхат