“Спитамен Бонк” ба таваҷҷуҳи Шумо ду корти машҳури байналмиллалӣ – Visa ва UnionPay-ро пешкаш менамояд. Бо воситаи ин кортҳо ба маҷмааи васеъи хизматрасониҳо, монанди пардохтҳо ва интиқоли маблағҳо бо тарзи ғайринақдӣ, идораи фосилавии суратҳисоб, пардохти маҳсулоту хизматрасонӣ дар Интернет ва ғ. дастрасӣ ёфтан мумкин аст.

Шумо метавонед кортҳоро барои харидорӣ дар мағозаҳо, супермаркетҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, дорухонаҳо на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар давлатҳои дигар низ истифода бурда метавонед.

Кор бо кортҳои “Спитамен Бонк” – ҳамеша осон ва бароҳат. Дар ҳар ҷое бошед, маблағи заруриатонро гирифта метавонед ва дар баробари ин дар бораи амнияти пулҳоятон хавотир намешавед. Мо муҳифизати пулҳои шуморо таъмин менамоем. Дар ҳолати гум шудани корт, метавонед дарҳол дастрасиро ба маблағҳои дар корт буда қатъ кунед.

“Спитамен Бонк” ҳимояи баландсифати воситаҳои пулӣ ва амалиёти хариди маҳсулоту пардохти хизматрасониҳоро кафолат медиҳад. Бонк мувофиқи принсипҳои пайравии технологияҳои иттилоотии пешрафта ва бо мақсади расонидани хизмати баландсифат, аз маркази протсессингии ширкати олмонии QUIPU, воқеъ дар Франкфурт, истифода мебарад.

Истифодаи протсессинги ин ширкат, дар баробари дигар бартариҳо, боз инҳоро кафолат медиҳад:

  • сатҳи баланди бехатарии транзаксияҳои мизоҷон;
  • имкониятҳои васеъи техникию технологии маркази протсессингии QUIPU;
  • тадбирҳои муқтадири бехатарии маълумоти шахсии мизоҷон.
Тарофаҳои мо – яке аз муфидтаринҳо. Комиссия барои пардохтҳо дар тамоми ҷаҳон ба 0% баробар аст. Технологияи пардохтҳои бевасл бошад, бо як расиши корт ба терминали нуқтаи савдо имкони амалисозии пардохтро медиҳад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирфтани корт:

  • Барои шаҳрвандон: шиноснома, РМА.
  • Барои хориҷиён: шиноснома, РМА, қайди муваққатии ҷойи зист. 
Мӯҳлати барориши корт аз 3 то 5 рӯзро дар бар мегирад.

Тарофаҳои кортҳои бонки


Мы ответим на ваши вопросы