Интиқол ба кортҳои пластикӣ
Амалиётҳои интиқолии Спитамен Бонк: интиқоли маблағҳо аз ФР ба ҶТ тавассути барномаҳои Спитамен Пей ва c2c.spitamen.com:
Танҳо ба барномаҳо пайваст шуда ба тамоми ФР маблағ равон намоед. Барои ин, доштани корти VISA, Master Card ё Мир кифоя аст.
Аз ҷониби ирсолкунанда комиссия ба андозаи 0,5% аз маблағи умумӣ нигоҳ дошта мешавад.Вақти интиқол аз 1 то 5 дақиқа.
Барои интиқол донистан муҳим аст:
- Тавассути Spitamen Pay – рақами телефони ё ин ки рақами корти қабулкунанда.
- Тавассути платформаи c2c.spitamen.com (сомона) - рақами телефони қабулкунанда.
Сбербонк:
Интиқол тавассути низоми Сбербонк аз ФР ба ҶТ танҳо бо замимаи Сбербонк ба анҷом расонида мешавад.Аз ҷониби ирсолкунанда комиссия ба андозаи 1% аз маблағи умумӣ нигоҳ дошта мешавад.Интиқол бо рубли русӣ сурат мегирад, аммо ба корти қабулкунанда бо пули миллӣ – сомонӣ тибқи қурби муқаррарнамудаи бонк қабул мешавад.Вақти интиқол аз 1 то 5 дақиқа.
Барои интиқол донистан муҳим аст:
- рақами телефони қабулкунанда.
КИВИ:
Тавассути низоми КИВИ маблағ аз ФР ба ҶТ тавассути терминалҳои “КИВИ” ва ҳамён интиқол дода мешавад
Аз ирсолкунанда комиссия ситонида намешавад.
Интиқол бо рубли русӣ сурат мегирад, аммо ба корти қабулкунанда бо пули миллӣ – сомонӣ тибқи қурби муқаррарнамудаи бонк қабул мешавад.Вақти интиқол аз 1 то 5 дақиқа.
Барои ирсол намудан донистан муҳим аст:
- рақами телефони қабулкунанда.
CONTACT:
Тавассути низоми CONTACT маблағ ба тамоми ҷаҳон ирсол карда мешавад.
Комиссия аз рӯи нишондодҳои тарофавии (https://www.contact-sys.com/tariffs) низоми CONTACT ситонида мешавад.Интиқол бо рубли русӣ, доллари ИМА ва Евро сурат мегирад.Вақти интиқол аз 1 то 5 дақиқа.
Барои интиқол донистан муҳим аст:
- Номи пурраи шахси қабулкунанда
- Рақами махфӣ (аз 1 то 16 рақам)
- Ҳуҷҷате, ки шахсияти мизоҷро тасдиқ мекунад ( шиносномаи ҶТ, шиносномаи байналмилалӣ, дафтарчаи ҳарбӣ ва шиносномаи гуреза.)
Шумо метавонед маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасониҳои низоми CONTACT дар сомона дастрас намоед: (https://www.contact-sys.com/tariffs).
Юнистрим:
Интиқоли маблағ дар Русия ва кишварҳои ИДМ тавассути низоми Юнистрим: Зиёда аз 100 ҳазор нуқтаи хизматрасонӣ ва интиқол ба тамоми гӯшаи ҷаҳон.
Барои интиқол донистан муҳим аст:
- Номи пурраи шахси ирсолкунанда
- Рақами махфӣ (12 рақам)
- Ҳуҷҷате, ки шахсияти мизоҷро тасдиқ мекунад ( шиносномаи ҶТ, шиносномаи байналмилалӣ, дафтарчаи ҳарбӣ ва шиносномаи гуреза.)
- Маблағи интиқол
Вестерн Юнион:
Тавассути низоми Вестерн Юнион, ба оила ва ё дӯстони худ дар саросари ҷаҳон маблағ равон намоед.
Барои интиқол донистан муҳим аст:
- Номи пурраи шахси қабулкунанда
- Рақами махфӣ (10 рақам)
- Ҳуҷҷате, ки шахсияти мизоҷро тасдиқ мекунад ( шиносномаи ҶТ, шиносномаи байналмилалӣ, дафтарчаи ҳарбӣ ва шиносномаи гуреза.)
(Маълумот оиди комисияи интиқолро метавонед дар сомона дастрас намоед: https://www.westernunion.com/content/wucom/Countries/ru_RU/wu-services/tariffs/send-money-abroad.htm...)
Саманд:
ҶСП “Спитамен Бонк” ба мизоҷони худ низоми интиқоли маблағҳои
“Саманд” –ро барои интиқолҳо дар дохили кишвар пешниҳод менамояд.
Ҳангоми гирифтани интиқол маълумоти зерин дар бораи қабулкунанда талаб карда мешавад:
- Рақами махфӣ (7 рақам)
- Ҳуҷҷате, ки шахсияти мизоҷро тасдиқ мекунад ( шиносномаи ҶТ, шиносномаи байналмилалӣ, дафтарчаи ҳарбӣ ва шиносномаи гуреза.)
- Номи пурраи шахси қабулкунанда
Пардохти интиқол ба таврӣ зерин тасдиқ карда мешавад:
- Аз 50 то 1000 сомонӣ – 5 сомон
- Аз 1000 то 3200 сомонӣ – 8 сомон
- Аз 3200 то 1750 нишондиҳандаҳо – 0,25
Амалиётҳои интиқолӣ тавассути замимаи Spitamen Pay:
Интиқоли маблағҳо аз кортҳои ФР ба ҶТ тавассути барномаҳои Спитамен Пей Кортҳои VISA, Мир ва Master Card-и ва ФР-ро танҳо ба барнома пайваст намуда ба кортҳои Спитамен Бонк маблағ интиқол диҳед. Аз ҷониби ирсолкунанда комиссия ба андозаи 0,45% аз маблағи умумӣ нигоҳ дошта мешавад. Вақти интиқол аз 1 то 5 дақиқа.
Барои интиқол донистан муҳим аст:
Тавассути Spitamen Pay – рақами телефони қабулкунанда ё рақами корт.
Мы ответим на ваши вопросы
-
Ман метавонам ҳуқуқи гирифтани интиқоли пулиро ба шахси дигар диҳам?
Албатта. Танҳо он шахс бояд ба бонк ваколатномаро барои гирифтани маблағ пешниҳод намояд. Ин ҳуҷҷат бояд бо таври нотариалӣ, мувофиқи тартиботи аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, тасдиқ шавад.
-
Барои гирифтани интиқоли пулӣ кадом ҳуҷҷатро пешниҳод кардан зарур аст?
Барои гирифтани интиқоли пулӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Фоизи комиссия барои интиқоли маблағ ба Федератсияи Русия чӣ қадар аст?
Фоизи камтарини комиссия барои амалисозии интиқоли маблағ, тариқи низомҳои интиқоли пулӣ ба Федератсияи Русия 0,5% аз маблағи умумиро ташкил медиҳад.
-
Чӣ тавр маблағи аз миқдори муқарраршуда зиёдро ба хориҷа ирсол намоем?
Барои интиқоли маблағи калони воситаҳои пулӣ, Шумо метавонед аз хизматрасонии интиқоли пулии низоми байналмиллалии SWIFT истифода баред. Барои дастрасӣ ба ин хизматрасонӣ, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пайдоиши воситаҳои пулӣ пешниҳод шаванд.
-
Ҳангоми интиқоли фиристодаро баргардонидан/бозхонд кардан, чӣ бояд кард?
Барои баргардонидан/бозхонд кардани интиқол, шумо бояд ба нуқтаи интиқоли маблағ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муроҷиат намудан лозим.
-
Қабулкунандаи интиқолро мехоҳам иваз намоям, чӣ кор бояд кард?
Барои иваз намудани қабулкунандаи интиқол, шумо бояд ба нуқтаи интиқоли маблағ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муроҷиат намоед.
-
Дар кадом ҳолатҳо интиқолро боздоштан мумкин аст?
Интиқол метавонад дар ҳолатҳое боздошта шавад, ки агар санҷиши иловагии маълумоти ирсолкунанда ё қабулкунанда, ҳам аз ҷониби Бонк ва ҳам аз ҷониби низоми пардохтӣ зарур бошад.
-
Барои бекор кардани интиқоли маблағ чӣ кор кардан лозим аст?.
Бекор кардани интиқоли маблағ танҳо дар ҳолате сурат мегирад, ки агар низоми пардохт ба он иҷозат медиҳад.
-
Ҳалли баҳсҳо ва даъвоҳо.
Барои ҳалли баҳсҳо ва даъвоҳо, муштарӣ бояд ба идораи интиқол муроҷиат кунад ё ба Маркази тамос бо рақами 6565 занг занад.
-
Чӣ тавр маблағро аз Русия ба Тоҷикистон бо комиссияи камтарин интиқол диҳем?
Корти Русияро ба замимаи Spitamen Pay пайваст намуда бо комиссияи камтарин дар ҳаҷми 0,35% маблағро ба Тоҷикистон интиқол диҳед
-
Маблағи калонтарини иҷозат дода шуда барои интиқол ба давлатҳои хориҷӣ чӣ қадар аст?
Мувофиқи дастурамали №204 “Дар бораи тартиби амалисозии амалиётҳои интиқолӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ”, маблағи калонтарин барои ирсол кардани пул, бо истифода аз низомҳои интиқоли пулӣ, дар миқдори 28 000 сомонӣ муқаррар шудааст. Маблағи асъори хориҷии интиқолшаванда набояд аз миқдори муқарраршудаи сомонӣ зиёд бошад.
-
Барои интиқоли маблағ кадом асъорро қабул мекунед?
Барои ирсоли воситаи пулӣ ба хориҷа, тариқи низомҳои интиқоли пулӣ, доллари ИМА, Евро ва Рубли Русӣ қабул мешаванд.
Дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли маблағҳо танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ амалӣ мегардад.