Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Тендерҳо
Асосӣ Вазифаҳои холӣ

Кор дар Спитамен Бонк

Ба дастаи орзуҳо ҳамроҳ шав!

Барои чӣ мо?

картинка

Рушди касбӣ

картинка

Дастаи орзуҳо

картинка

Идораи замонавӣ

Роҳбари Департаменти HRarrow
Вазифаҳои асосӣ:
·         роҳбарии самараноки департамент оид ба идоракунии кадрҳо;
·         нигоҳдорӣ ва рушди HR-сиёсат, тартибот ва меъёрҳои амалкунанда;
·         назорати иҷрои расмиёти интихоби кормандон, мутобиқшавӣ, омӯзиш ва баҳогузории онҳо;
·         мониторинг ва таҳлили нишондиҳандаҳои кадрӣ (ҷойивазкунии кормандон, самаранокӣ, рушд);
·         нигоҳдории сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ ва ҷалбшавии кормандон.

  Дониш ва маҳорати касбӣ:
·         донистани қонунгузории меҳнати ҶТ ва санадҳои меъёрие, ки равандҳои кадриро танзим мекунанд;
·         дарки принсипҳои идоракунии стратегӣ бо кадрҳо, банақшагирии кадрӣ ва рушди фарҳанги корпоративӣ;
·         маҳорати истифодаи абзорҳои муосири HR: идоракунии самаранокӣ (KPI), низомҳои баҳодиҳӣ ва рушди кормандон, омӯзиши корпоративӣ;
·         қобилияти кор бо низомҳои HR ва дониши хуби барномаҳои идоравӣ (Excel, Word, PowerPoint).

  Маълумот ва таҷриба:
·         маълумоти олӣ (беҳтараш дар соҳаи идоракунии кадрҳо, психология, иқтисод ё идоракунӣ);
·         таҷрибаи кор дар соҳаи идоракунии кадрҳо на камтар аз 5 сол, аз ҷумла на камтар аз 2 сол дар вазифаи роҳбарикунанда (HRBP, сардори шуъба, директори кадрҳо ва ғ.);
·         таҷрибаи роҳбарии HR-департаменти сохторӣ, ки шуъбаҳои: ҷалб, маъмурияти кадрӣ, омӯзиш ва рушди кормандонро дар бар мегирад.

  Хусусиятҳои шахсӣ:
·         қобилияти роҳбарӣ, илҳомбахшӣ ва рушди даста;
·         сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва ташкилотчигӣ ;
·         тафаккури таҳлилӣ ва муносибати системавӣ ба кор;
·         қобилияти барпо кардани муоширати созанда бо роҳбарият ва кормандон дар ҳама сатҳҳо;
·         омодагӣ барои нигоҳдорӣ ва такмили равандҳои HR-и аллакай таъсисёфта.

Шароит ва имкониятҳо:
·         кор дар бонки устувор ва босуръат рушдёбанда;
·         меъёрҳои муосири идоракунии кадрҳо ва равандҳои дақиқу самаранок;
·         имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ дар сохтори бонк;
·         музди меҳнати шоиста (пас аз мусоҳиба муайян карда мешавад);
·         бастаи иҷтимоии пурраи мутобиқ ба қонунгузории ҶТ ва сиёсати дохилии бонк;
·         ҷадвали корӣ: аз соати 08:00 то 17:00, панҷ рӯзи корӣ дар ҳафта (5/7);
·         шароити бароҳати кор ва муҳити мусоиди корпоративӣ.
 
Номзадҳои хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи “Роҳбари Департаменти HR” дар хати мавзуъ ирсол намоянд.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
   

Роҳбари хадамоти аудити дохилӣarrow

Таснифи самтҳои асосии фаъолият:
·         кӯмак ва иштироки бевосита дар банақшагирии тафтишотҳои аудиторӣ, баҳодиҳии хавфҳо, тайёр кардани барномаҳои аудит, методологияи гузаронидани аудит ва ташкили фаъолияти Ҳадамоти аудити дохилӣ;
·         мувофиқи нақшаи аудит дар муҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани тафтишотҳои аудитӣ ва аз рӯи натиҷаи тафтиш ба Кумитаи Аудит/Шӯрои Нозирони Бонк пайваста пешниҳод намудани тадқиқ ва таҳлилҳои муфассал;
·         ошкор ва баҳодиҳии хавфҳо дар низоми аудити дохилӣ, баҳодиҳӣ намудани мувофиқатии равандҳои тиҷорати ҷойдошта ба талаботҳои қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии БМТ, оид ба беҳтаршавии низоми назорати дохилӣ пешниҳод намудани тавсияҳо;
·         дар ҳайати гурӯҳи корӣ роҳбарӣ намудани фаъолияти кормандон ва баҳо додани кори онҳо; Назорати иҷрои тавсияҳои аз рӯи натиҷаи тафтишотҳо додашуда.

Талаботҳо:
·         доштани маълумоти олӣ;
·         доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар ташкилотҳои қарзӣ;
·         доштани собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ;
·         доштани собиқаи корӣ дар соҳаи аудити дохилӣ/берунӣ ва ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ;
·         донистани талаботҳои асосии қонунгузории ҶТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим медароранд;
·         донистани стандартҳои СБҲМ, стандартҳои байналмилалии аудит ва андозбандӣ дар ҶТ;
·         доштани собиқаи корӣ ва дониш дар соҳаи баҳодиҳии хавфҳо;
·         таҷрибаи корӣ бо се хати муҳофизат;
·         таҷрибаи корӣ бо автоматизатсияи равандҳо;
·         таҷрибаи корӣ бо АБСи аудитӣ;
·         таҷрибаи корӣ дар аудити самаранокии фаъолияти бонк ва самаранокии назорати дохилӣ;
·         таҷрибаи корӣ дар гузаронидани External Quality Assessment;
·         доштани сертификати CIA;
·         доштани сертификатҳои тахассусии САР/CIPA, GARP афзалият доранд;
·         донистани забони давлатӣ ва забони русӣ барои тартиб додани ҳисоботҳои даврӣ оид ба аудит. Донистани забони англисӣ афзалият дорад;
·         барои тез-тез ба воҳидҳои сохтории Бонк (филиалҳо, МХБ ва ғайра) ба сафарҳои хизматӣ рафтан тайёр будан;
·         истифодабарандаи бовариноки пакети пешниҳодҳои MS Office ва барномаҳои бонкӣ.      

Шартҳо/Имкониятҳо:
·         расман бо кор таъминкунӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·         имконияти боло рафтан аз рӯи мансаб дар бонки инкишофёбанда;
·         низоми пардохти музди меҳнати муносиб.

Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи «Роҳбари хадамоти аудити дохилӣ» ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон довталабоне даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.
Мутахассис оид ба ҷалби кормандонarrow
Cамтҳои асосии фаъолият:

•             қабули дархост оид ба ҷалби кормандон;
•             тартиб додани тавсифи вазифа;
•             тартиб додани талаботҳо нисбати номзад;
•             кор кардан бо дархостҳои воридотӣ;
•             нигоҳ доштани махзани маълумотҳои номзадҳо;
•             истифодаи усулҳои муосири пешниҳоди ҷойҳои холӣ;
•             ҷавоб додан ба зангҳо ва паёмҳои довталабон;
•             ташкил кардани вохӯрӣ-суҳбати номзад бо аъзои комиссия;
•             гузаронидани пурсиш ва санҷиши пешакии номзадҳо ба ин вазифа.

  Талаботҳо:

•             маълумоти олӣ;
•             таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҷалб аз 3 сол зиёд;
•             донистани асосҳои қонунгузории меҳнат;
•             малака ва таҷрибаи кор бо компютер;
•             таҷрибаи бисёрсамтаи ҷалби довталабон;
•             таҷрибаи ҷустуҷӯи довталабон дар сомонаҳои вазифаҳои холии somon.tj, vazifa.tj,
•             малакаи мутахассиси СMM, қобилияти кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва навиштани мақолаҳои ҷолиб дар бораи ҷойҳои холӣ;
•             донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист (забони англисӣ бартарӣ дорад).

  Сифатҳои шахсӣ:

•             сатҳи баланди малакаи муошират;
•             эҷодкор будан;
•             қобилияти қабул кардани усулҳои гуногуни ҷустуҷӯи номзадҳо;
•             муқовимат ба стресс;
•             донистани принсипҳои асосии психология;
•             маҳорати кор дар даста;
•             такя ба натиҷа.

  Шартҳо/имкониятҳо:

•             барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
•             рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2;
•             музди маоши арзанда ва бонус;
•             бозомӯзиш (тренинг)-ҳои ройгон чиҳати баланд бардоштани ихтисос/саводнокӣ;
•             имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан.

  Резюмеро бо суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассис оид ба ҷалби кормандон» ирсол намоед.

Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.

Барномасози С# arrow
Уҳдадориҳои асосӣ:
·       коркарди барномаҳои сервер-клиент;
·       коркарди ҳисоботҳои бонкӣ;
·       кор бо базаи маълумотҳо.

  Талабот:
·       маълумоти олии техникӣ - ҳатмӣ;
·       собиқаи корӣ дар коркарди барномаҳои серверӣ;
·       донистани забони барномасозии С#;
·       шиносоӣ бо базаи маълумотҳо MSSql или Oracle.

Сифатҳои шахсӣ:
·         доштани захираи зеҳнии таҳлилгарӣ, эъҷодкор будан;
·         поквиҷдон ва пухтакор будан;
·         доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·         доштани қобилияти бо тезӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.

Шартҳо/имкониятҳо:
·         расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ дар яке бонки муосир ва устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
·         сафарҳои корӣ дар дохили шабакаи минтақавӣ бо пардохти пурраи хароҷот;
·         омӯзиш барои такмил додани малака ва гирифтани донишҳои нав;
·         музди баланди меҳнат, мавҷудияти системаи KPI ва мукофотпулӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо.
·         имкониятҳо барои рушди касбӣ дар муҳити динамикӣ;
·         реҷаи кори қулай - 5/2.

  Номзадҳои хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи «Барномасози С#» дар хати мавзуъ ирсол намоянд.

  Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Коромӯз маъмури қарзӣ ва амалиётӣ дар Саридораarrow

Самтҳои асосии фаъолият:
•         тафтиши парвандаҳои қарзӣ оид ба пуррагии ҳамаи ҳуҷҷатҳо;
•         сканеркунии ҳуҷҷатҳои мизоҷон;
•         нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ;
•         қабули гаравҳо аз мизоҷон.

Талаботҳо:
•         маълумоти олӣ (иқтисоди афзалият дорад);
•         истифодабари муваффақи MS Office;
•         донистани низоми бонкӣ;
•         ба дараҷаи хуб донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).

Сифатҳои шахсӣ:
•         бодиққат/покизакор будан;
•         поквиҷдон ва пухтакор будан;
•         доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
•         доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.

  Шартҳо/имкониятҳо:
•         барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
•         рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
•         омӯзиши корпоративӣ;
•         имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.

   
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа: "Коромӯз маъмури қарзӣ ва амалиётӣ дар Саридора" дар хати мавзуъ ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне, ки ба талаботҳои вазифаи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.

Мутахассиси Департаменти назорати дохилӣ дар Саридораarrow
Уҳдадориҳои асосӣ:
·       гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
·       гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
·       таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
·       гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
·       баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
·       тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
·       мониторинг ва таҳлили амалиётҳо;

Талаботҳои асосӣ:
·       маълумоти олии иқтисодӣ;
·       таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
·       хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251
·       Донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
·       малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
·       маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
·       донистани забони давлатӣ ва русӣ.

Сифатҳои шахсӣ:
·       эътимоднокӣ;
·       покизакорӣ/бодиққатӣ;
·       поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
·       ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·       банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.

Шартҳо/имкониятҳо:
·       барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·       рӯзи пурраи корӣ/реҷаи кории 5/2;
·       шароитҳои мусоиди корӣ;
·       таълими корпоративӣ;
·       эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.

Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ «Мутахассиси Департаменти назорати дохилӣ», ирсол намоед.
Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифаи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.

Мутахассиси назорати дохилӣ дар ш. Хуҷандarrow
Тавсифи самтҳои асосии фаъолият:

·         гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
·         гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
·         таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
·         гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
·         баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
·         тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
·         мониторинг ва таҳлили амалиётҳо.

  Талабот:

·         маълумоти олии иқтисодӣ;
·         таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
·         хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251.
          донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
·         малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
·         маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
·         донистани забони давлатӣ ва русӣ.

Сифатҳои шахсӣ:

·         эътимоднокӣ;
·         покизакорӣ/бодиққатӣ;
·         поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
·         ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·         банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.

Шартҳо/имкониятҳо:

·         барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·         рӯзи пурраи корӣ/ҷадвали кории 5/2;
·         шароитҳои мусоиди корӣ;
·         таълими корпоративӣ;
·         эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.

  Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассиси назорати дохилӣ ш.Душанбе», ирсол намоед.

  Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
Муҳосиби филиал дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Истаравшан, н. Фархор ва Ёвонarrow
Уҳдадориҳои асосӣ:

·         мусоидат дар назорат ва ҳисоботи қарзӣ;
·         иҷрои дастурамалҳои марбути Бонки миллии Тоҷикистон;
·         дастгирии бэк – офиси қарзии филиалҳо;
·         баҳисобгирӣ ва назорати амалиётҳои қарзӣ, амалиётҳои хазинавӣ, интиқоли маблағ ва ҳуҷатгузории онҳо;
·         назорат ва мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардашуда бо шакл ва мақсади қарз, татбиқи воридоти қарз дар барномаҳо;
·         назорати пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳо аз ҷониби қарзгирон;
·         омода намудани иттилоот барои аудиторҳои берунӣ ва мақомотҳои танзимкунанда дар доираи фаъолияти бэк-офис

  Талаботҳо

·         маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот, маълумот оид ба тавозун), донишҷуён – хатмкунандагони ихтисосҳои соҳавӣ бо имконияти ба рузи пурраи корӣ;
·         сертификати CAP - бартари дорад;
·         истифодабарандаи бовариноки компютери шахсӣ (Word, Excel) – ҳатмӣ ва барномаҳои бонкӣ;
·         донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ - матлуб аст.

  Сифатҳои шахсӣ:

·         бодиққат/покизакор будан;
·         поквиҷдон ва пухтакор будан;
·         доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·         доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.

  Шартҳо/имкониятҳо:

·         барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·         рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
·         омӯзиши корпоративӣ;
·         имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.

Резюмеро бо суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани “Муҳосиби филиал дар шаҳри___________” ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.

Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне,  ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.



Дархост ба вазифаи холӣ

CAPTCHA