Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Тендерҳо
Асосӣ Вазифаҳои холӣ

Кор дар Спитамен Бонк

Ба дастаи орзуҳо ҳамроҳ шав!

Барои чӣ мо?

картинка

Рушди касбӣ

картинка

Дастаи орзуҳо

картинка

Идораи замонавӣ

Мудири МХБ дар н. Панҷarrow
Вазифаҳои асосӣ:
  • роҳбарӣ кардани фаъолияти МХБ;
  • таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок дар байни зердастони худ;
  • назорати иҷроиши нақшаҳои МХБ;
  • назорат ва тафтиши кори хазина ва бақияи маблағҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
  • кушодан ва махкам кардани хазина мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
  • таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок бо филиал ва сохторҳои дахлдори Саридора;
  • таъмин намудани риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандони МХБ;
  • таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои хизматии кормандони МХБ, инчунин фармон ва дастурҳои директори филиал ва роҳбарияти Бонк;
  • дар асоси ваколатнома манфиатҳои Бонкро дар ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳо намояндагӣ кардан;
  • амалисозии маркетинги корпоративӣ дар МХБ ва таблиғи ҳама маҳсулоти бонк ба мизоҷони эҳтимолии МХБ ва Бонк;
  • мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк фаъол ва ғайрифаъол намудани таҷҳизоти муҳофизавӣ ва системаи овоздиҳанда (сигнализатсия).

  Талабот:
  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ ва ҳадди ақал 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда дар сохтори бонк;
  • донистани қонунгузории бонкӣ;
  • кобилияти кор кардан ба таври систематикӣ ва сохторӣ;
  • ҳисси волои масъулиятнокӣ;
  • дорои мантиқи тафаккурёфта;
  • муносибати содиқона ба кормандони бонк ва рақибон;
  • донистани ҳадди ақал 2 забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ;
  • саводнокии компютерӣ.


Шартҳо/имкониятҳо:
  • барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
  • рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2;
  • музди маоши арзанда ва бонус;
  • бозомӯзиш (тренинг)-ҳои ройгон чиҳати баланд бардоштани ихтисос/саводнокӣ;
  • имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан.

Лутфан, дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com  бо нишон дар хати мавзуъ вазифаи "Мудири МХБ дар _____________" равон кунед.


Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Муҳосиб дар филиалҳои (н. Фархор ва Ёвон )arrow
Уҳдадориҳои асосӣ:

·         мусоидат дар назорат ва ҳисоботи қарзӣ;
·         иҷрои дастурамалҳои марбути Бонки миллии Тоҷикистон;
·         дастгирии бэк – офиси қарзии филиалҳо;
·         баҳисобгирӣ ва назорати амалиётҳои қарзӣ, амалиётҳои хазинавӣ, интиқоли маблағ ва ҳуҷатгузории онҳо;
·         назорат ва мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардашуда бо шакл ва мақсади қарз, татбиқи воридоти қарз дар барномаҳо;
·         назорати пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳо аз ҷониби қарзгирон;
·         омода намудани иттилоот барои аудиторҳои берунӣ ва мақомотҳои танзимкунанда дар доираи фаъолияти бэк-офис

  Талаботҳо:

·         маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот, маълумот оид ба тавозун), донишҷуён – хатмкунандагони ихтисосҳои соҳавӣ бо имконияти ба рузи пурраи корӣ;
·         сертификати CAP - бартари дорад;
·         истифодабарандаи бовариноки компютери шахсӣ (Word, Excel) – ҳатмӣ ва барномаҳои бонкӣ;
·         донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ - матлуб аст.

  Сифатҳои шахсӣ:

·         бодиққат/покизакор будан;
·         поквиҷдон ва пухтакор будан;
·         доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·         доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.

  Шартҳо/имкониятҳо:

·         барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·         рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
·         омӯзиши корпоративӣ;
·         имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.

Резюмеро бо суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани “Муҳосиби филиал дар шаҳри___________” ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.

Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне,  ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.

Дархост ба вазифаи холӣ

CAPTCHA