Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк - № 1 аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти «Харидори махфӣ» - 2022

	

Спитамен Бонк - № 1 аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти «Харидори махфӣ» - 2022

15.12.2022
Спитамен Бонк - № 1 аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти «Харидори махфӣ» - 2022

Ҳамасола Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурди Тоҷикистон тадқиқоти “Харидори махфӣ ”-ро анҷом медиҳад, ки ҳадафи асосии он ошкор кардани камбудиҳо дар кори бонк ва кормандон мебошад.
Дар доираи тадқиқоти «Харидори махфӣ» 385 нуқтаи хизматрасонии 12 бонк ва ТАҚХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷиш гузаштанд.

Аз рӯи натиҷаи тадқиқоти мазкур, Спитамен Бонк ҷои аввалро ишғол кард. Бояд гуфт, ки барои гузаронидани тадқиқот аз ҷониби Бонк рӯйхати ҳамаи 65 нуқтаи хизматрасонӣ пешниҳод шуда буд.
Арзёбии сифати хизматрасонӣ дар асоси 9 нишондиҳанда, ки сатҳи умумии хизматрасонии муассисаҳои молиявиро тавсиф мекунанд, гузаронида шуд.

"Ин дастоварди тамоми кормандони Бонк ва пеш аз ҳама кормандони фронт-офис, нафароне мебошад, ки аввалин шуда мизоҷонро пешвоз мегиранд. Спитамен Бонк бо ин дастовард қонеъ намегардад. Мо боз ҳам бештар кӯшиш хоҳем кард, ки ба мизоҷон дар сатҳи баланд, дар шароити бароҳат дар ҳар як филиал ва МХБ хизмат расонем. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки соли оянда низ мо мизоҷон ва ҳамкорони худро бо ҳамин хел хабар шод хоҳем кард." – қайд намуд Тухтаназарова Хосиятхон, сардори Идораи маркетинг ва рушди бизнеси ҶСП “Спитамен Бонк”.

Зимни боздидҳо ба кори марказҳои тамос, намуди берунӣ ва дохилии идораҳои бонкҳо/ТАҚХ, фаъолияти кормандони шуъбаҳои гуногун ва хадамоти бехатарӣ, инчунин намуди зоҳирии кормандон, рафтори онҳо ва фарҳанги корпоративӣ дар маҷмӯъ баҳо дода шуд.


Возврат к списку