Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот ҶСП “Спитамен Бонк” иқдоми “Фоизҳои коҳишёфта” – ро идома медиҳад

	

ҶСП “Спитамен Бонк” иқдоми “Фоизҳои коҳишёфта” – ро идома медиҳад

07.10.2022
ҶСП “Спитамен Бонк” иқдоми “Фоизҳои коҳишёфта” – ро идома медиҳад

Иқдоме, ки 20-уми июли соли 2022 оғоз гардида буд, боиси тӯфони посухҳои мусбат гардид. Бо дархости мизоҷон, Бонк муҳлати иқдомро то охири соли ҷорӣ тамдид мекунад.

Шартҳои иқдомро ёдрас мекунем: Бонк ба Шумо имконияти олӣ барои гирифтани қарз барои ҳама гуна эҳтиёҷот бо фоизҳои дастрас­ – аз 20% бо асъори миллӣ ва 14% бо доллари ИМА-ро пешниҳод мекунад.

Пешниҳод ба доираи васеи истеъмолкунандагон нигаронида шудааст. Дар доираи он мизоҷон метавонанд қариб ба ҳама гуна мақсадҳо, аз хариди техникаи маишӣ то хариди хона, барои қарз муроҷиат намоянд. Мизоҷоне, ки ба маблағгузорӣ зиёд ниёз доранд, метавонанд ба Бонк муроҷиат намуда, қарзҳои мавҷударо бозтамвил кунанд.

Талаботҳои умумӣ ба қарзгиранда муқаррарианд: шиноснома, РМА ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи даромад. Агар бо кадом як сабаб мизоҷ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи даромадро пешниҳод карда натавонад, Бонк маҳсулоти қарзии “Скоринг”- ро, ки дар асоси зеҳни сунъӣ таъсис ёфтааст, ба маблағи то 10 000 сомонӣ танҳо бо шиноснома ва РМА пешкаш мекунад.

Хусусияти асосии пешниҳоди мазкури ҶСП «Спитамен Бонк» ин фоизи хеле дастраси қарздиҳӣ барои бозори дохилӣ аст. Фоизи солона бо пули миллӣ ҳамагӣ аз 20% ва бо доллари ИМА 14% мебошад. Пас аз ҷорӣ шудани ин иқдом шумораи зиёди мизоҷон барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат намуданд. Мо эҳтиёҷоти онҳоро ба маблағгузорӣ дарк намуда барои қонеъ гардонидани талаботашон муҳлати иқдомро дароз кардем. Бонк ба нақша гирифтааст, ки минбаъд низ шароити мусоиди қарздиҳӣ ва муносибати инфиродӣ ба ҳар як мизоҷ пешниҳод намояд»,- қайд намуд муовини аввали Раиси Раёсат – Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич.

Қобили зикр аст, ки дар доираи иқдом мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми пешниҳоди дархост бинобар шумораи зиёди мизоҷон пешбинӣ шуда, бонк сомонаи яксаҳифаро роҳандозӣ намуд, то мизоҷон тавонанд дар муддати ду-се дақиқа аз смартфони худ бо пахши якчанд тугмача барои гирифтани қарз дархост гузоранд, инчунин дар замимаи нави Spitamen Pay функсияи дархости қарз ҷорӣ шуд, ки тавассути он низ мизоҷон бидуни ташрифи бонк барои қарз дархост мегузоранд.

Маълумоти бештарро доир ба иқдом аз мутахассисони бонк, тариқи телефони 6565 (занг аз телефонҳои мобилӣ ройгон аст), дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё дар сомонаи расмии бонк дастрас кардан мумкин аст.


Возврат к списку