Spitamen Pay-и нав: хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам қулайтар шуданд

«Спитамен Бонк» нусхаи навшудаи барномаи мобилии Spitamen Pay-ро муаррифӣ намуд. Акнун истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам қулайтар шуданд.
Истифодабарандагон метавонанд намуди экрани асосии замимаро мувофиқи хоҳиши худ танзим намоянд, тарҳи дилхоҳи замимаро интихоб кунанд ва аз имкониятҳои навшуда барои анҷом додани амалиётҳои молиявии ҳаррӯза истифода баранд.
Интиқоли маблағ, пардохти хизматрасониҳо, идоракунии кортҳои бонкӣ ва пардохтҳои QR – тамоми имкониятҳои зарурӣ барои идоракунии маблағ дар як замима дастрас мебошанд.
Навсозии Spitamen Pay як қисми стратегияи «Спитамен Бонк» дар самти рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мебошад. Бонк пайваста барои осон ва дастрас намудани хизматрасониҳои молиявӣ талош намуда, ба мизоҷон роҳҳои ҳалли мувофиқ ба талаботи зиндагии муосирро пешниҳод менамояд.
Spitamen Pay-ро навсозӣ намуда, аз имкониятҳои нави он истифода баред!