Қадрдонии кормандони ҶСП Спитамен Бонк
09.11.2026

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «Спитамен Бонк» як қатор кормандони худро барои фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар рушди Бонк ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонид.

Ин қадрдонӣ нишонаи эътирофи заҳмати кормандон, масъулиятшиносӣ ва саҳми онҳо дар пешрафти фаъолияти Бонк мебошад.

Роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» саҳми ҳар як кормандро дар рушди устувори Бонк муҳим арзёбӣ намуда, ба онҳо барои меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамар изҳори сипос менамояд.