Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот «Спитамен Бонк» дар FinGram Fest – 2026

	

«Спитамен Бонк» дар FinGram Fest – 2026

05.11.2026
FinGram Fest тадж 1.png

30 октябри соли 2026 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ фестивали «FinGram Fest – 2026» бахшида ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ «Спитамен Бонк» низ фаъолона иштирок намуда, хизматрасониҳои молиявии худро ба иштирокчиён ва меҳмонони фестивал муаррифӣ кард.

FinGram Fest тадж 2.png

Дар доираи фестивал намояндагони бонк ба иштирокчиён оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ, имкониятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ва роҳҳои самараноки истифодаи маблағ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, меҳмонон имкон пайдо карданд, ки бо хизматрасониҳои рақамии бонк аз наздик шинос шуда, ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гиранд.

FinGram Fest тадж 3.png

Иштироки «Спитамен Бонк» дар чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, ташаккули фарҳанги истифодаи оқилонаи маблағ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ равона шудааст.


Возврат к списку