Спитамен Бонк дар Форуми байналмилалии «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ»
06.10.2026

30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии бонкӣ таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» баргузор гардид, ки Спитамен Бонк дар он ҳамчун сарпарасти нуқрагӣ иштирок намуд.

Дар форум намояндагони бахши молиявӣ, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушди бахши молиявӣ дар шароити рақамикунонӣ, навовариҳои рақамӣ ва имкониятҳои нави рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамроҳ бо пешрафтҳои рақамӣ ояндаи бахши молиявиро месозем.