МХБ-и нави Спитамен Бонк дарҳои худро барои сокинони Айнӣ боз кард!
15.09.2026

Маркази нави хизматрасонии бонкии (МХБ) «Спитамен Бонк» дар ноҳияи Айнӣ фаъолияташро оғоз кард.

Кушодашавии нуқтаҳои нави хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки сокинон аз хизматрасониҳои бонкӣ бе маҳдудият истифода баранд.

Мо пайваста шабакаи хизматрасониҳои худро васеъ намуда, кӯшиш мекунем, ки хизматрасониҳои бонкиро барои ҳар як муштарӣ дастрасу қулай гардонем.