Спитамен Бонк дар Money20/20 Middle East 2026
31.08.2026

14–16 сентябри соли 2026 Спитамен Бонк дар Money20/20 Middle East 2026 — яке аз чорабиниҳои байналмилалии бузург дар соҳаи молия, бонкдорӣ, пардохтҳо ва технологияҳои молиявӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, иштирок мекунад.
Чорабинӣ намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ, сармоягузорон ва ширкатҳои технологиро аз кишварҳои гуногун муттаҳид менамояд.
Спитамен Бонк — барои рушди робитаҳои молиявӣ ва кушодани имкониятҳои нав дар бозори байналмилалӣ омодаем!