Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк дар Sibos Miami 2026!

	

Спитамен Бонк дар Sibos Miami 2026!

07.08.2026
sibos miami 2026 тадж.jpg

Спитамен Бонк соли дуюм пайиҳам дар Sibos — яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалии соҳаи молия ва бонкдорӣ, ки пешсафони ҷомеаи молиявии ҷаҳонро ба ҳам меорад, иштирок менамояд.

Спитамен Бонк — ягона бонк аз Тоҷикистон дар таърихи Sibos мебошад, ки бо мақоми exhibitor намояндагӣ мекунад. Ин иштироки мустақим имконият медиҳад, ки бонк Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва ширкатҳои пешрафтаи соҳа робитаҳои нав барқарор намояд.

Иштирок дар Sibos барои Спитамен Бонк майдони муҳим барои вохӯриҳои корӣ, таҳкими шарикиҳои мавҷуда, пайдо кардани шарикони нав ва мубодилаи таҷриба бо намояндагони пешсафи соҳаи молияи ҷаҳонӣ мебошад.

Соли дуюм аст, ки Спитамен Бонк Тоҷикистонро дар ин майдони байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва барои таҳкими ҳузури кишвар дар харитаи ҷаҳонии молия қадамҳои нав мегузорад.

Спитамен Бонк × Sibos Miami 2026

Дар он ҷое, ки ояндаи молияи ҷаҳон шакл мегирад, во мехӯрем!


Возврат к списку