Спитамен Бонк ба ғолиби иқдоми «Интиқоли тиллоӣ» калиди хонаро супорид
Спитамен Бонк ба ғолиби иқдоми «Интиқоли тиллоӣ» ҷоизаи асосӣ — хонаи навро супорид.
Ғолиб ба идораи Бонк даъват гардида, дар фазои тантанавӣ ба ӯ ҳуҷҷатҳо ва калиди манзили нав тақдим карда шуд. Ин лаҳза анҷоми зебои иқдом ва рӯйдоди хотирмон барои ғолибу наздиконаш гардид.
Иқдоми «Интиқоли тиллоӣ» бо мақсади ҳавасмандгардонии мизоҷоне, ки аз хизматрасониҳои интиқоли маблағ истифода мебаранд, роҳандозӣ гардида буд. Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки Спитамен Бонк барои мизоҷонаш на танҳо хизматрасонии бонкӣ, балки имкониятҳои воқеӣ фароҳам меорад.
Спитамен Бонк ғолибро бо бурди туҳфаи асосӣ самимона табрик гуфта, ба истифодабарандагони хизматрасонии интиқоли маблағ барои эътимод ва иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ менамояд.