Дар Ҳуҷанд маркази хизматрасонии нав ифтитоҳ гардид.
01.05.2026
Рӯзи 30 апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд Спитамен Бонк маркази хизматрасонии навбатиро ифтитоҳ намуд.
МХБ-и нав дар наздикии бозори «Панҷшанбе» — яке аз мавзеъҳои серодам ва сермуроҷиати шаҳр ҷойгир аст. Нуқтаи хизматрасонии нав ба сокинон, соҳибкорон ва меҳмонони Хуҷанд имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои бонкӣ зудтар ва қулайтар истифода баранд.
Дар МХБ ба мизоҷон хизматрасониҳои зерини молиявӣ: машварат оид ба маҳсулоти бонкӣ, кушодани суратҳисоб, кортҳо, интиқоли маблағ, қарзҳо дастрас мебошанд.
Спитамен Бонк ба мизоҷон наздиктар мегардад — дар ҷое, ки воқеан қулай аст.