Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк дар шаҳри Хуҷанд Маркази нави хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намуд

	

Спитамен Бонк дар шаҳри Хуҷанд Маркази нави хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намуд

01.05.2026


30 апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд Маркази нави хизматрасонии бонкии Спитамен Бонк ифтитоҳ гардид.

МХБ-и нав дар наздикии бозори «Панҷшанбе» — яке аз мавзеъҳои серодам ва сермуроҷиати шаҳр ҷойгир аст. Ифтитоҳи марказ ба сокинон, соҳибкорон ва меҳмонони Хуҷанд имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои бонкӣ зудтар ва қулайтар истифода баранд.

Дар марказ ба муштариён хизматрасониҳои асосии бонкӣ дастрас мебошанд: машварат оид ба маҳсулоти бонкӣ, кушодани суратҳисоб, гирифтани кортҳо, интиқоли маблағ, қарзҳо ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ.

Спитамен Бонк ба муштариён наздиктар мегардад — дар ҷое, ки воқеан қулай аст.


Возврат к списку