Рӯзи Ғалаба муборак, дӯстон
08.05.2026

Мизоҷон ва шарикони азиз,
Спитамен Бонк Шуморо ба муносибати яке аз идҳои бузурги ҳаётамон—иди Ғалаба самимона табрик менамояд!
Бо эҳтироми беандоза хотираи қаҳрамононеро, ки барои сулҳу озодӣ ҷони худро нисор карданд, гиромӣ медорем. Бигзор осмони Ватани азизамон ҳамеша софу ором бошаду дар ҳар хонадон сулҳ, саломатӣ ва меҳрубонӣ ҳукмфармо гардад.
Ба ҳамаи собиқадорон тансиҳатӣ, умри дароз ва рӯзгори осуда орзу менамоем. Корнамоии онҳо ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад монд.
Эзоҳ: ба самъи Шумо мерасонем, ки санаҳои 9 ва 10-уми май истироҳатӣ буда, рӯзи 11-уми май ҳамаи нуқтаҳои хизматрасонӣ (ғайр аз Саридора) то соати 12:00 фаъолият хоҳанд кард.
Рӯзи Ғалаба муборак!