Маҳдудиятҳо бартараф шуданд: Спитамен Бонк устувории худро тасдиқ намуд
Спитамен Бонк дар бораи бартараф гардидани маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад. Қарори мазкур дар натиҷаи арзёбии гузаронидашуда қабул гардида, мутобиқати фаъолияти Бонкро ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ тасдиқ менамояд.
Роҳбарияти Бонк барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани нофаҳмиҳои ба амал омада тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод. Бонки мо фаъолияти худро мувофиқи беҳтарин таҷрибаи байналмилалӣ (best practice), бо риояи сатҳи баланди усулҳои корпоративӣ, шаффофият, қоидаҳои комплаенс ва масъулияти иҷтимоии корпоративӣ ба роҳ мондааст.
Бартараф шудани маҳдудиятҳо имкониятҳои навро барои мизоҷон ва шарикон фароҳам меорад: дастрасӣ ба ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ васеъ мегардад, робитаҳои корӣ барқарор шуда, замина барои рушди ҳамкориҳо фароҳам мешавад.
Бонк ин марҳиларо ҳамчун асос барои рушди минбаъда ва таҳкими мавқеи худ дар бозори молиявӣ арзёбӣ мекунад. Мо барои тавсеа ва густариши ҳамкориҳои шарикӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак омодаем.
Ба мизоҷон ва шарикон барои эътимод изҳори сипос намуда, фаъолияти худро бо таваҷҷуҳ ба устуворӣ, шаффофият ва сифати хизматрасониҳои бонкӣ идома медиҳем.
Бо эҳтиром, дастаи Спитамен Бонк!