Рӯзи дарҳои кушод дар Спитамен Бонк барои донишҷӯён
24.02.2026
Санаи 16 феврал дар Спитамен Бонк Рӯзи дарҳои кушод барои донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ донишҷӯён имконияти хуб пайдо карданд, ки аз наздик бо сохтори бонк, самтҳои асосии фаъолият ва хизматрасониҳои муосири молиявӣ шинос шаванд.

Намояндагони Спитамен Бонк дар бораи фаъолияти воҳидҳо, маҳсулоти рақамӣ, принсипҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон ва нақши бонк дар рушди иқтисоди кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои касбӣ барои мутахассисони ҷавон зоҳир гардид. Ба иштирокчиён дар бораи талабот ба номзадҳо, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва дурнамои рушди касбӣ дар бонк маълумот дода шуд.Донишҷӯён имконият доштанд саволҳои худро пешниҳод намуда, маслиҳат гиранд ва фаъолияти воқеии бонкро дар амал бубинанд.

Баргузории Рӯзи дарҳои кушод қисми стратегияи Спитамен Бонк оид ба ҷалби кадрҳои болаёқат ва дастгирии ҷавонон мебошад. Дарҳои бонк барои ҷавонони бомаҳорат, ташаббускор ва ҳадафманд, ки омодаанд ҳамроҳи дастаи мутахассисон рушд намоянд, кушода мебошад. Спитамен Бонк сармоягузорӣ ба ояндаро идома дода, барои рушди насли нави мутахассисони соҳаи молия шароити мусоид фароҳам меорад.