Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк барномаи бозтамвили қарзҳоро роҳандозӣ намуд.

	

Спитамен Бонк барномаи бозтамвили қарзҳоро роҳандозӣ намуд.

30.01.2026
Для сайта тадж (7).jpg
Спитамен Бонк маҳсулоти нави қарзиро барои мизоҷоне, ки мехоҳанд сарбории фоизиро коҳиш дода, шартҳои уҳдадориҳои амалкунандаашонро беҳтар намоянд, роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин маҳсулот имкони бозтамвили қарзҳое, ки дар дигар бонкҳо ба расмият дароварда шудаанд, бо шартҳои мусоидтар пешниҳод мегардад. Қарз бо асъори хориҷӣ пешкаш гардида, маблағи он аз 10 000 доллари ИМА оғоз мешавад. Ҳаҷми ниҳоии қарз мутобиқи шартҳои маҳсулоти интихобшуда муайян карда мешавад. Афзалияти асосии ин маҳсулот меъёри фоизӣ мебошад, ки 1% пасттар аз меъёри қарзи ҷорӣ аст, аммо на камтар аз 10% солона. Муҳлати қарз мутобиқи шартҳои маҳсулоти марбут ба интиқоли қарз муқаррар карда мешавад.Ин маҳсулот ба мизоҷон имкон медиҳад, ки хароҷоти хизматрасонии қарзро коҳиш дода, стратегияи молиявии худро оқилонатар, бидуни тағйир додани асъори уҳдадорӣ ба роҳ монанд. Маълумоти иловагиро метавон дар филиалҳои Спитамен Бонк дастрас намуд.

Возврат к списку