Сабикаҳои тиллоӣ дар Спитамен Бонк — дороии боэътимод
27.01.2026

Сабикаҳои тиллоӣ дар Спитамен Бонк — дороии боэътимод Сабикаҳои тиллоӣ яке аз шаклҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар тӯли таърих арзиши худро нигоҳ дошта, барои нигоҳдории дарозмуддати воситаҳои молиявӣ истифода мешаванд.
Дар Спитамен Бонк сабикаҳои тиллоӣ аз тиллои дорои намунаи баландтарини 999,9 дастрас мебошанд. Сабикаҳои тиллоӣ дар панҷ ҳаҷм пешниҳод мегарданд: 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм. Ҳар як сабика дар бастабандии муҳофизатӣ бо рақами силсилавии инфиродӣ нигоҳ дошта мешавад, ки аслияти онро тасдиқ намуда, вазифаи шаҳодатномаро иҷро мекунад. Тиллоро одатан ҳамчун шакли сармоягузорӣ баррасӣ мекунанд, ки ба асъорҳои алоҳида ва абзорҳои молиявӣ вобастагӣ надорад. Ин хусусият онро дар шароити ноустувории иқтисодӣ ва таваррум талаботнок мегардонад.
Спитамен Бонк ба мизоҷон дастрасӣ ба дороие фароҳам меорад, ки асоси он арзиши воқеӣ ва шартҳои шаффоф мебошад.