Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Нигоҳдории боэътимоди арзишҳои шумо — қуттиҳои сейфӣ дар Спитамен Бонк

	

Нигоҳдории боэътимоди арзишҳои шумо — қуттиҳои сейфӣ дар Спитамен Бонк

19.01.2026
Для сайта тадж (5).jpg
Арзишҳо ба суханҳои зиёдатӣ ниёз надоранд. Барои онҳо оромӣ, махфият ва амнияти комил муҳим аст. Спитамен Бонк хизматрасонии иҷораи қуттиҳои сейфии инфиродиро пешниҳод менамояд — ҳалли боэътимод барои нигоҳдории маблағҳо, ҳуҷҷатҳо ва ашёи қиматбаҳо.
Қуттии сейфӣ — фазои шахсӣ дар бонк, ки арзишҳоятонро 24 соат дар як шабонарӯз, 7 рӯз дар як ҳафта пурра ҳифз менамояд. Низомҳои муосири амниятӣ, назорати видеоӣ ва посбонии шабонарӯзӣ сатҳи баланди муҳофизатро таъмин мекунанд.
Ин хизматрасонӣ махсусан ҳангоми анҷом додани муомилоти калон, нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои муҳим ё дар ҳолатҳое, ки зарурати истисно намудани ҳама гуна хавфҳои марбут ба нигоҳдории арзишҳо берун аз бонк вуҷуд дорад, қулай аст.
Спитамен Бонк қуттиҳои сейфиро дар андозаҳои гуногун ва бо муҳлатҳои тағйирпазири иҷора, ки имкони интихоб намудани ҳалли мувофиқро мутобиқи ниёзҳои инфиродии мизоҷ фароҳам месозад, пешниҳод мекунад.
Дастрасии камтарин. Дилпурии бемаҳдуд.

Маълумоти муфассал оид ба шартҳои ба иҷора гирифтани қуттиҳои сейфиро метавонед аз саридораи Спитамен Бонк, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 45 дастрас намоед.

Возврат к списку