Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Муроҷиати Спитамен Бонк ба мизоҷон ва шарикон

	

Муроҷиати Спитамен Бонк ба мизоҷон ва шарикон

26.10.2025
Slide 16_9 - 3.jpg

Мизоҷон ва шарикони муҳтарам!

Тавре ба шумо маълум аст, рӯйдодҳои чанд соли охир, ки бо чорабиниҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар омилҳо вобастаанд, ҳамоно ба фаъолияти устувори муассисаҳои молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, муассисаҳои молиявии минтақаи мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи бозори ҷаҳонии сармоя мебошанд, то ҳол таъсири оқибатҳои ин чорабиниҳоро эҳсос мекунанд.

Маҳдудиятҳои наве, ки нисбат ба шумораи зиёди муассисаҳои молиявии кишварҳои дигар ҷорӣ шудаанд, ба минтақаи мо низ таъсир расонида, ғайричашмдошт баъзе аз бонкҳои кишвари моро низ фаро гирифтанд.

Дар ин робита, бо мақсади иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар назди мизоҷон, мо фавран стратегияи коҳиш додани таъсир ва хавфҳоро таҳия намуда, ҳамзамон муколамаи созанда бо мақомотҳои танзимкунандаи кишвари худ ва Иттиҳоди Аврупо оғоз кардем.

Роҳбарияти Бонк тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ки ҳарчӣ зудтар нофаҳмиҳои ба амал омадаро бартараф намояд. Мо итминон медиҳем, ки Бонки мо фаъолияти худро мувофиқи беҳтарин таҷрибаи байналмилалӣ (best practice), бо риояи сатҳи баланди усулҳои корпоративӣ, шаффофият, қоидаҳои комплаенс ва масъулияти иҷтимоии корпоративӣ ба роҳ мондааст.

Мо минбаъд низ ба ҳамаи ин принсипҳо ва меъёрҳои корпоративӣ содиқ мемонем. Манфиатҳои мизоҷонамон ва сифати хизматрасонӣ ҳамеша дар мадди аввали таваҷҷуҳи мост.

Бонк ба таври устувор фаъолият намуда, тамоми намуди хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад ва устувории молиявӣ ва эътимоднокии худро нигоҳ медорад.

Фарҳанги корпоративии мо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, ба рушди устувор ва манфиатҳои Шумо нигаронида шудааст. Бо такя ба ин арзишҳо, мо фаъолияти самаранок ва устуворро таъмин карда, ҳамаи уҳдадориҳои худро дар назди мизоҷон иҷро мекунем ва ба рушди иҷтимоии онҳо мусоидат менамоем.

Мо ба шумо барои садоқати доимӣ ва дастгирии пайвастаатон дар тӯли солҳои зиёд, хусусан дар ин давраи душвор ва гузариш, ки ҳар яки моро фаро гирифтааст, изҳори сипос менамоем. Мо мутмаинем, ки душвориҳои кунунӣ муваққатӣ буда, танҳо аз нофаҳмӣ бармеоянд ва умедворем, ки онҳо ба зудӣ ҳалли худро меёбанд.

Мо дар ҳама ҳолатҳо рушди Шуморо дастгирӣ мекунем, ба некӯаҳволии молиявии Шумо ғамхорӣ дорем ва ҳамеша шарики боэътимоди Шумо мемонем.

Ташаккур барои эътимоди гаронбаҳо ва дастгирии шумо, ки имкон медиҳад ҳамеша шарики асосии шумо бошем.

Спитамен Бонк фаъолияти устувори худро идома дода, ҳамаи уҳдадориҳои худро дар назди шумо пурра иҷро менамояд. Мо минбаъд низ шуморо дар бораи ҳамаи рӯйдодҳои муҳим хабардор хоҳем кард.

Бо эҳтиром,
Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк».

Возврат к списку