Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Хабар аз Тоҷикистон: Спитамен Бонк аввалин шуда ба арсаи асосии молиявии ҷаҳонии Sibos 2025 баромад!

	

Хабар аз Тоҷикистон: Спитамен Бонк аввалин шуда ба арсаи асосии молиявии ҷаҳонии Sibos 2025 баромад!

21.07.2025
photo_5471925276297524321_w.jpg

Бо ифтихор эълон менамоем, ки Спитамен Бонк аввалин бонки Тоҷикистон аст, ки дар бузургтарин ва муҳимтарин намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи молия ва навгониҳо Sibos2025, ки аз 29 сентябр то 2 октябри соли равон дар Франкфурт баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Sibos як платформаи байналмилалӣ мебошад, ки намояндагони пешбари бахши бонкӣ, финтех-ширкатҳо, танзимгарон ва коршиносонро барои муҳокимаи тамоюлҳо ва навовариҳои калидӣ, ки ояндаи саноати молиявиро ташаккул медиҳанд, ҷамъ меорад.

Барои Спитамен Бонк ширкат дар ин чорабинӣ як қадами муҳим дар самти рушд ва ҳамгироӣ ба экосистемаи ҷаҳонии молиявӣ мебошад.

Мо таҷрибаи пешқадам, ҳалли инноватсионӣ ва имкониятҳои ҳамкориро, ки ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ва минтақа мусоидат мекунанд, пешкаш хоҳем кард.

Ҳамаро барои дидан аз стенди худ B055 даъват мекунем.
Биёед, дурнамои иқтисоди ҷаҳониро якҷоя муҳокима кунем ва барои ояндаи муваффақ робитаҳои мустаҳками тиҷоратӣ бунёд намоем.

Возврат к списку