Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк ва TransferGo барои интиқоли маблағ ба шаҳрвандони Тоҷикистон уфуқҳои нав мекушоянд

	

Спитамен Бонк ва TransferGo барои интиқоли маблағ ба шаҳрвандони Тоҷикистон уфуқҳои нав мекушоянд

15.01.2025
photo_5204226467318327110_y.jpg

Спитамен Бонк, яке аз калонтарин ва дар самти молия бонки устувори Тоҷикистон, аз ҳамкориҳои стратегӣ бо ширкати байналмилалии финтех - TransferGo хабар дод. Ин ҳамкорӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар – дар Аврупо ва Британияи Кабир таҳсил ва кору фаъолият мекунанд, имкониятҳои беназири интиқоли маблағро фароҳам меорад. Бо истифода аз хизматрасонии нав онҳо метавонанд на танҳо ба кортҳои бонкӣ, балки мустақиман ба "Корти Миллӣ" маблағ фиристанд.

Қадами нав ба сӯи ҳамкории ҷаҳонӣ

Ин шарикӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон равзанаро ба Аврупо ва берун аз он, бо истифода аз технологияҳои муосири байналмиллалии интиқол, ки ба сахттарин меъёрҳои амниятӣ ва қоидаҳои молиявӣ мувофиқат менамояд, боз мекунад. Спитамен Бонк ва TransferGo ба корбарони худ дар интиқоли пул осонӣ ва бехатариро пешниҳод мекунанд, ки ин раванди интиқоли маблағҳоро байни кишварҳо то ҳадди имкон қулай ва муфидтар мегардонад.

"Ҳадафи ҳамкории Спитамен Бонк ва TransferGo тавсеаи имконоти интиқоли маблағ барои ҳамватанони бурунмарзӣ, содда кардани робитаҳои молиявии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ва оилаҳои онҳост. Ин қадами муҳимест, ки барои нигоҳ доштани некӯаҳволии наздикон ва инчунин таҳкими иқтисоди кишвар мусоидат мекунад. Шарикӣ имкониятҳои навро барои интиқоли қулай, зуд ва камхарҷ мекушояд"- иброз дошт сардори Департаменти кортҳои бонкии Спитамен Бонк, Исхаков Дилшод

«Мо ифтихор дорем, ки метавонем ба мизоҷонамон дастрасӣ ба ҳалли муосири молиявӣ пешниҳод намоем. Ҳамкории мо як қадами нав дар беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Мо итминон дорем, ки ин иқдом на танҳо раванди интиқоли маблағро барои тоҷикистониён осон мекунад, балки робитаи молиявии Тоҷикистону Аврупоро мустаҳкам мекунад” – гуфт Даумантас Двилинскас, директори генералӣ ва ҳаммуассиси TransferGo. "Технологияҳои мо комилан ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва мо аз он хушнудем, ки ба мизоҷони худ шароити беҳтаринро барои интиқоли байналмилалӣ пешниҳод мекунем", - қайд намуд ӯ.

Натиҷаҳои аъло ва таваҷҷуҳи афзоянда

Дар охири соли 2024 TransferGo афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағро ба Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта 47% сабт кардааст, ки далели равшани афзоиши таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизматрасонӣ дар хориҷи кишвар мебошад.

Дар бораи Спитамен Бонк

Спитамен Бонк яке аз калонтарин ва боэътимодтарин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон буда, тӯли беш аз 16 сол ба мизоҷони худ доираи васеи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла пасандозҳо, қарзҳо, кортҳои бонкӣ ва интиқолҳои байналмилалӣ пешкаш мекунад. Бонк қарорҳои инноватсиониро, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқанд, фаъолона татбиқ намуда, ба ниёзҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва баҳрашон роҳҳои қулай ва дастраси интиқоли маблағҳоро пешниҳод менамояд.

Дар бораи TransferGo

TransferGo як ширкати ҷаҳонии финтех мебошад, ки ба миллионҳо мизоҷон дар саросари ҷаҳон хизматрасониҳои молиявии қулай ва дастрас пешниҳод мекунад. Дар тӯли 12 соли фаъолият, ширкат ба зиёда аз 8 миллион мизоҷ дар 160 кишвари ҷаҳон хизмат расонидааст. TransferGo ба барҳам додани монеаҳои молиявӣ ва пешниҳоди ҳалли инноватсионӣ ба мизоҷон барои интиқоли байналмилалӣ нигаронида шудааст.

 




Возврат к списку