Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳраки Ғарм.

	

Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳраки Ғарм.

30.07.2024
photo_5280603806318583270_y.jpg

Санаи 25 июл, дар Қасри фарҳанг фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд. Чорабинӣ аз намоишгоҳ оғоз шуд, ки дар он бонкҳо, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ширкатҳои суғуртавӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти худ маълумот додаанд. Дар намоишгоҳ хоҳишмандон метавонистанд дар викторина иштирок карда, соҳиби туҳфаи арзанда шаванд.
photo_5280603806318583271_y.jpg

 Баъдан дар Форум роҳбарияти ноҳия дар симои Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Инчунин дар Форум намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ба сокинони маҳаллӣ чӣ гуна ба ҳиллаи қаллобон гирифтор нашудан ва беҳтар сохтани некӯаҳволии молиявиашонро фаҳмониданд.

photo_5280603806318583273_y.jpg

Дар анҷоми чорабинӣ бо иштироки сарояндаҳои маъруф Убайдуллои Каромат ва Нозим Олимов базм ташкил карда шуд.

photo_5280603806318583272_y.jpg
 Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз баргузории фестивалҳои мазкур — баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва маълумот дар бораи қаллобон мебошанд.

Возврат к списку