Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Роҳи касбӣ дар ҷадвалу графикҳо

	

Роҳи касбӣ дар ҷадвалу графикҳо

24.06.2024

 photo_5461071606177718488_y.jpg

Яке аз маромҳое, ки дар ҶСП «Спитамен Бонк» хусусияти доимӣ касб намудааст — ин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои кормандон ба шумор меравад. Аксарияти чунин намуди чорабиниҳои омӯзишӣ тибқи нақшаи солонаи шуъбаи омӯзиш ба роҳ монда шуда, иловатан низ ба рушди касбии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар ин робита барои кормандони сатҳои гуногуни воҳидҳои сохтори ҶСП «Спитамен Бонк» курси омӯзишӣ вобаста ба аз худкунии барномаи кории Microsoft Excel ба роҳ монда шуд, ки дар он ба кормандони бонк аз ҷониби мутахассиси варзидаи соҳаи болозикр нозукиҳои барномаро омӯзонида мешаванд.

photo_5461071606177718489_y.jpg

Дар кори бонкии муосир Microsoft Excel василаи ҳатмӣ барои кор бо маълумот мебошад. Ин барнома воситаи универсалӣ мебошад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолият истифода мешавад: аз бухгалтерия ва молия то маркетингу илм. Он барои иҷрои вазифаҳои гуногун истифода мешавад, аз қабили: таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ, таҳияи ҳисоботҳо, сохтани буҷетҳо, пешгӯӣ ва моделсозӣ.

 photo_5461071606177718487_y.jpg

Омӯзиши кормандон бо барномаи Excel метавонад ҳосилнокии онҳоро баланд бардорад, сифати корро беҳтар кунад ва ба онҳо дар қабули қарорҳои асоснок кӯмак расонад.


Возврат к списку