Спитамен Бонк дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо фаъолона ширкат варзид
Спитамен Бонк бо ифтихор аз иштироки бомуваффақияти худ дар ярмаркаи вазифаҳои холӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки 29 май дар бинои ДТТ баргузор гардид, хабар медиҳад.
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баҳри хатмкунандагони донишгоҳҳо як имконияти хубе буд барои вохӯрӣ бо намояндагони бонк ва шиносоӣ бо имконоти касбу шароити қабул ба кор.
Намояндагони Спитамен Бонк бо хатмкунандагони боистеъдод, ки ба рушди касб дар бахши молия таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, як қатор мусоҳибаҳои бомуваффақият гузарониданд.
Ба роҳбарияти ДТТ барои ташкили ин чорабинӣ ва ба ҳамаи хатмкунандагоне, ки аз мизи мо дидан карданд, изҳори сипос мекунем ва ба ҳамкориҳои дарозмуддат ва судманд бо мутахассисони ҷавон, ки мехоҳанд дар рушди бонки мо саҳм гузоранд, боварии комил доред.
Маълумоти бештар дар бораи ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои кор дар Спитамен Бонк дар сомонаи расмии www.spitamen.com, бахши “Вазифаҳои холӣ” дастрас аст.