Фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Мастчоҳ
Спитамен Бонк аз иштироки бомуваффақияти худ дар Фестивали саводнокии молиявӣ, ки 14 апрели соли 2024 дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид, хабар медиҳад.
Дар Фестивали саводнокии молиявӣ гурӯҳи коршиносон як силсила дарсҳо ва намоишҳоро доир намуданд, ки ҷанбаҳои гуногуни банақшагирии молиявӣ, сармоягузорӣ, қарздиҳӣ ва суғуртаро дар бар мегиранд.
Кормандони бонк кӯшиш карданд, ки ба сокинони минтақа дониш ва малакаҳои амалӣ барои қабули қарорҳои оқилона дар самти молия пешкаш намоянд. Спитамен Бонк ба аҳамияти саводнокии молиявӣ боварии амиқ дорад ва мекӯшад, ки сарчашмаи асосии иттилооти боэътимод барои аҳолии кишварамон бошад.
Иштирок дар Фестивали молиявӣ ба мо имкон дод, ки таҷрибаи худро васеъ намуда, донишро бо аудиторияи васеъ мубодила кунем.
Бонк эътимоди шуморо қадр мекунад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи баландтарини хизматрасонӣ ва ҳалли инноватсионӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои молиявии шумо пешниҳод намояд.