Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк амалиётҳои молиявиро боз ҳам осон мекунад: имкони пайвасти кортҳои русӣ барқарор шуда, комиссия барои интиқол коҳиш ёфт

	

Спитамен Бонк амалиётҳои молиявиро боз ҳам осон мекунад: имкони пайвасти кортҳои русӣ барқарор шуда, комиссия барои интиқол коҳиш ёфт

01.04.2024
photo_5210928811028372202_y.jpg

Хабари хуш барои истифодабарандагони фаъоли кортҳои бонкӣ ва нафароне, ки мунтазам байни суратҳисобҳо ба давлатҳои гуногун маблағ интиқол медиҳанд. Спитамен Бонк бо камоли хушнудӣ хабар медиҳад, ки имкони дубора пайваст кардани кортҳои бонкии Русия дар замимаи мобилии Spitamen Pay фаъол гардид, инчунин комиссия барои интиқол аз кортҳои русӣ ба кортҳои бонки мо кам карда шуд.  Акнун шумо метавонед ба осонӣ кортҳои русии худро ба замимаи Spitamen Pay пайваст кунед ва ба кортҳои Спитамен Бонк бо шартҳои имтиёзнок маблағ интиқол диҳед. Ҳаққи хизматрасонӣ ҳамагӣ 0,35% аз маблағи интиқолро ташкил дода, ҳаҷми минималии комиссия ҳамагӣ 25 рублро дар бар мегирад.
  
Мо пайваста кӯшиш менамоем, ки сифати хизматрасонии пешниҳоднамудаамонро беҳтар созем, то амалиётҳои молиявии шуморо боз ҳам соддатар ва қулайтар гардонем.

Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба наздиктарин нуқтаи хизматрасонии Спитамен Бонк муроҷиат кунед ё бо рақами 6565 бо мутахассисони мо тамос гиред.


Возврат к списку