Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Маҳсулоти нави қарзии "Дастгирии оила" аз Спитамен Бонк: то 15 000 сомонӣ бо комиссияи ҳамагӣ аз 4% гиред

	

Маҳсулоти нави қарзии "Дастгирии оила" аз Спитамен Бонк: то 15 000 сомонӣ бо комиссияи ҳамагӣ аз 4% гиред

18.03.2024
Қарзи_дастрас_барои_Дастгирии_Оила_.png

Спитамен Бонк маҳсулоти инноватсионии қарзии «Дастгирии оила»-ро пешкаш мекунад, ки дар якҷоягӣ бо "Рlanet9" дар асоси технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ таҳия шудааст. Ин маҳсулот барои дорандагони корти Спитамен Бонк, ки аз хориҷа интиқоли пулӣ қабул мекунанд, пешбинӣ шудааст. Гирифтани қарз бо комиссияи аз 4% ва маблағ то 15 000 сомонӣ осон ва зуд шудааст. Барои гирифтан танҳо шиноснома лозим аст. Ин ба мизоҷон дастрасии фавриро ба захираҳои молиявии иловагӣ барои эҳтиёҷоти амалиётӣ фароҳам меорад

Муҳлат:          Меъёри фоиз:

1 моҳ                   4%
3 моҳ                   8%
6 моҳ                   12%

“Дастгири оила” бо мақсади кӯмак кардан ба оилаҳои муҳоҷирон ва таъмини дастрасии молиявӣ таҳия шуда, яке аз воситаи муҳими дастгирии иҷтимоӣ ва рушд ҳисобида мешавад.
   
Рlanet9 кист? 
 
Рlanet9 бо бонкҳо дар таъмини маблағгузорӣ ба оилаҳои муҳоҷирон бо истифода аз маълумоти хизматрасонии интиқоли маблағ шарикӣ мекунад. Онҳо рақиби бонкҳо нестанд, балки баръакс, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ин намуди фаъолияти инноватсионӣ иҷозатномаро талаб намекунад. Рlanet9 технологияро барои пайваст кардани хизматрасониҳои гуногун истифода бурда, ба бонкҳо тавассути пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳои нав фоида меорад. 
 
Барои гирифтани қарзи «Дастгирии оила» шумо бояд инро ба назар гиред: қарз танҳо ба мизоҷоне дода мешавад, ки ба кортҳояшон интиқоли пулӣ мегиранд. Илова бар ин, мизоҷ бояд таърихи хуби қарзӣ дошта бошад ва қарзҳои параллелӣ дар дигар муассисаҳои молиявӣ набояд аз 15 000 сомонӣ зиёд бошад. 
 
"Низомҳои муосири зеҳни сунъӣ таърихи интиқоли пулҳои ба корт ё ҳамёни электронии мизоҷ омадаро таҳлил карда, имкон медиҳанд, ки ҳангоми қабули қарори пешниҳоди қарз имконият ва ниёзҳои молиявии мизоҷонро ба инобат гиранд. Ин равиши фардӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба мизоҷон шароитҳои мусоид ва муфидтарро пешниҳод кунем», - шарҳ дод Мусоев Баҳриддин, сардори Департаменти қарзии ҶСП «Спитамен Бонк».   
   
Спитамен Бонк ҳамеша саъй мекунад, ки барои мизоҷони худ шароити беҳтаринро фароҳам оварад ва маҳсулоти нави қарзии «Дастгирии оила» низ истисно нест. Мо итминон дорем, ки ин пешниҳод барои мизоҷон як манбаи қулай ва арзишманд хоҳад буд ва ба онҳо дастрасӣ ба имконоти иловагии молиявӣ бидуни монеаҳои нолозим ва мураккабро фароҳам меорад.   
   
Қарзи «Дастгирии оила», ки дар ҳамкорӣ бо Рlanet9 таҳия шудааст, аз дигар намудҳои қарз бо осонии таҳлил ва суръати гирифтани маблағ аз ҷониби қарзгир фарқ мекунад. Мо мефаҳмем, ки баъзан барои мизоҷон пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва зомин душвор аст. Маҳсулоти “Дастгирии оила” тавре таҳия шудааст, ки мизоҷон дар бораи маълумотномаву ҳуҷҷатҳои иловагии зиёд хавотир нашаванд - бонк тамоми раванди скорингро бо истифода аз низомҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ ба уҳда мегирад», - қайд кард и.в. сардори Идораи маркетинг ва рушди бизнес дар ҶСП «Спитамен Бонк», Одинаев Нодиршоҳ.   
   
Дар Спитамен Бонк ду роҳи гирифтани қарз ҳаст:   
Варианти аввал тавассути барномаи мобилии Spitamen Pay:   
1. Пас аз гирифтани паём дар бораи дастрас будани қарз дар замимаи Spitamen Pay аз мушаххас гузаред. Барои ин ба шумо танҳо шиноснома лозим аст.   
2. Дар барнома сатрҳоро бо якчанд савол пур кунед (беш аз як дақиқа сарф намешавад)   
3. Қарорро оид ба дархост, ки аз ҷониби низоми зеҳни сунъӣ дар асоси таҳлили маълумоти молиявии шумо ва таърихи интиқоли пул қабул карда мешавад, мунтазир шавед.  
4. Пас аз тасдиқи дархост, маблағ ба таври худкор ба корти шумо, ки дар барнома ҳамчун корти асосӣ интихоб шудааст, мегузарад.   
   
   
Варианти дуюм ин ташриф овардан ба нуқтаҳои хизматрасонии бонк аст.  
 Барои ин, шумо бояд ин қадамҳоро иҷро кунед:   
1. Пас аз гирифтани СМС ё паёме, ки ба шумо қарз дастрас аст, ба наздиктарин филиали Спитамен Бонк оед.   
2. Ба корманди бонк муроҷиат намуда дар бораи тартиби гирифтани қарз маълумот гиред.   
3. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худ (шиноснома)-ро пешниҳод кунед ва ба чанд савол ҷавоб диҳед.   
4. Қарорро оид ба дархости қарзи худ мунтазир шавед.   
5. Пас аз тасдиқи дархост, маблағ метавонад ба шумо бо пули нақд дода шавад ё ба суратҳисоби бонкии шумо ворид гардад.   
   
Шумо инчунин метавонед маълумоти иловагиро оид ба раванди гирифтани қарзи «Дастгирии оила» аз филиали наздиктарини Спитамен Бонк ё тавассути маркази тамос бо рақами 6565 дастрас намоед.


Возврат к списку