Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк ва Western Union ҳадди ниҳоии интиқолро зиёд намуданд

	

Спитамен Бонк ва Western Union ҳадди ниҳоии интиқолро зиёд намуданд

13.03.2024
IMG_20240313_164705_816.jpg
 
Спитамен Бонк, яке аз бонкҳои шинохтаи Тоҷикистон ва низоми интиқолии Western Union аз зиёд кардани ҳадди ниҳоии интиқоли маблағҳо хабар доданд.  
  
Маблағи интиқол аз 10000 сомонӣ ба 126 000 сомонӣ дар як рӯз расонида шуд. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки шумораи бештари одамон байни кишварҳо маблағ интиқол диҳанд. Аз ҷумла, ин барои муҳоҷирони меҳнатӣ муфид хоҳад буд, чунки ба аъзоёни оилаҳояшон ба ватан маблағи калон мефиристанд.  
  
Western Union яке аз маъмултарин низомҳои интиқоли маблағ дар ҷаҳон аст ва ҳамкории онҳо бо Спитамен Бонк ба мизоҷон имкон медиҳад, ки аз роҳи зуд ва боэътимоди интиқоли пул истифода баранд.

Спитамен Бонк доим баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳо барои мизоҷон мекӯшад ва аз пешкаши имкониятҳои нави интиқоли маблағҳо барои мизоҷон шод аст.

Барои маълумоти муфассал ба рақами 6565 занг занед ва аз мутахассисон машварат гиред

Возврат к списку