Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

	

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

11.03.2024

photo_5438469860473559087_y.jpg

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамасола 15-уми март қайд карда мешавад.
 
Ин рӯз соли 1983 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва мусоидат ба ҳифзи онҳо таъсис дода шудааст.
  
Таърихи пайдоиши Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо қабули як қатор ҳуҷҷатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои ҳифзи истеъмолкунандагон машғуланд, алоқаманд аст. Дар солхои 60-ум зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии истеъмолкунандагон дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои худ ба миён омад. 

Дар натиҷа соли 1975 Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи 3010 (XXVII)-ро қабул кард, ки барои таъсиси низоми муҳофизатии истеъмолкунандагон дар сатҳи байналмилалӣ асос гузошт. Принсипҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ин ба онҳо ёдрас кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ва гирифтани кӯмак дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳояшон мебошад. 
 
Принсипҳои асосии ин рӯз:
  
- донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва имкониятҳои гирифтани дастгирӣ дар сурати вайрон кардани он.  
- мубориза ба муқобили таҷрибаи ноодилонаи истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон  
- мусоидат ба рақобати одилона дар бозор.  
- таъмини дастрасии истеъмолкунандагон ба маҳсулот ва хизматрасониҳои босифат.  
  
Дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Спитамен Бонк  семинарҳо, конфронсҳо, намоишгоҳҳо, лексияҳо ва иқдомҳоро оид ба бардоштани саводнокии истеъмолкунандагон ташкил мекунад. 
 
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии муҳим, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст, ба ҳисоб меравад. 
Донистани ҳуқуқҳои худ,тарзи дуруст истифода бурдани онҳо ва имконияти гирифтани дастгирӣ ҳангоми ба миён омадани мушкилӣ, ба истеъмолкунандагон дар интихоби молу хизматрасониҳо ва ҳифзи манфиатҳои он кӯмак мекунанд.


Возврат к списку