БТЛ-чорабинӣ аз ҷониби кормандони Спитамен Бонк
29.02.2024

Аз аввали сол кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Спитамен Бонк дар тамоми минтақаҳо БТЛ-чорабиниҳои калон гузарониданд.
Кормандони Спитамен Бонк дар шакли содда ва дастрас ба сокинони шаҳру ноҳияҳо оид ба иқдомҳои ҷорӣ, аз ҷумла: коҳиш додани фоизи қарзҳо то 20% солона бо асъори миллӣ, пешниҳоди ройгони кортҳои байналмилалии бонкӣ ва муҳимтар аз ҳама, тавассути барномаи Spitamen Pay тарзи дурусти пардохт кардани хизматрасониҳои давлатӣ, маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории чорабиниҳои мазкур - баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, оммавӣ гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани шумораи истифодабарандагони пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ бо истифода аз усулҳои алтернативии пардохт мебошад.