Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Чиптаҳои ҳавопаймоиро тавассути Spitamen Pay харидорӣ кунед

	

Чиптаҳои ҳавопаймоиро тавассути Spitamen Pay харидорӣ кунед

29.02.2024
photo_5404330788935292434_y.jpg

Спитамен Бонк бо ғамхорӣ ба мизоҷони худ, баҳрашон доираи васеи хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд. Яке аз ин хизматрасониҳо -  имкони харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ тавассути замимаи мобилии Spitamen Pay мебошад.  
  
Акнун, барои харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ, ба шумо шарт нест, ки вақтро дар ҷустуҷӯи чиптаҳо дар хазинаҳо ё сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ сарф кунед. Дар замимаи Spitamen Pay ба бахши Fly.tj ворид шуда, самти парвозро интихоб кунед. Раванди харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ тавассути Spitamen Pay то ҳадди имкон содда карда шудааст ва ҳамагӣ чанд дақиқаро дар бар мегирад. Пас аз сабти ном дар барнома корбар метавонад самт ва санаи парвоз, инчунин шумораи чиптаҳоро интихоб кунад. Баъдан танҳо пардохти маблағи харид бо истифода аз дилхоҳ корти бонкии Спитамен Бонк, ки ба барнома пайваст аст, лозим меояд. Пас аз тасдиқи амалиёт чиптаҳо ба почтаи электронии харидор фиристода мешаванд.  
  
Афзалиятҳои харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ тавассути Spitamen Pay:  
Суръат ва роҳат - ба корбар лозим нест, ки чиптаҳоро дар сомонаҳои гуногун ҷустуҷӯ кунад, ҳама чиз дар як ҷо дастрас аст.  
Амният - ҳама амалиётҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва рамзгузории маълумот анҷом дода мешаванд, ки амнияти пардохтҳо ва бехатарии маълумоти шахсии корбаронро кафолат медиҳад.  
  
Интихоби васеи самтҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ - барнома бо бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад, то корбар ҳамеша чиптаи мувофиқро пайдо кунад.


Возврат к списку