Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Омӯзиши саводнокии молиявӣ барои насли навраси кишвари мо

	

Омӯзиши саводнокии молиявӣ барои насли навраси кишвари мо

29.02.2024


photo_5404330788935292014_y.jpg

Спитамен Бонк таҳияи барномаҳои таълимиро оид ба саводнокии молиявӣ барои мактаббачагон ва донишҷӯён дар саросари ҷумҳурӣ фаъолона идома медиҳад. Тренингҳои охир ба иштирокчиён дар гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба ҷаҳони молия, тарзи муҳофизати худ аз қаллобон, дар бораи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи кортҳои бонкӣ, кӯмак карданд.

photo_5404330788935292013_y.jpg

Дар тренинг ба масъалаҳои таъминоти молиявӣ ва ҳимоя аз қаллобӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Иштирокчиён инчунин оид ба банақшагирии буҷаи шахсӣ ва оилавӣ маслиҳатҳои муфид гирифтанд ва дар бораи манфиатҳои воситаҳои гуногуни молиявӣ маълумот пайдо карданд.

Кормандони Спитамен Бонк изҳори итминон карданд, ки чунин чорабиниҳо барои ташаккули фарҳанги пасандозу сармоягузорӣ дар байни ҷавонон ва тарзи дурусти истифодаи маблағҳояшон мусоидат мекунанд.

photo_5404330788935292015_y.jpg

Бонк инчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ оид ба саводнокии молиявӣ изҳор дошт.


Возврат к списку