Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк муваффақияти иқдоми "Хона Бурд Намо-2" - ро таҷлил мекунад

	

Спитамен Бонк муваффақияти иқдоми "Хона Бурд Намо-2" - ро таҷлил мекунад

31.01.2024
photo_5316834634304181724_y.jpg

Иқдоми бошукӯҳи «Хона бурд намо-2», ки аз ҷониби Спитамен Бонк гузаронида шуд ва ба наздикӣ натиҷааш ҷамъбаст гардид, касеро бетараф нагузошт. Ҳадафи аслии ин иқдом ташвиқи шаҳрвандон ба истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи боварии онҳо ба низоми бонкии Тоҷикистон мебошад. 

photo_5316834634304181720_y.jpg

Бурди пурҳашамати туҳфаҳо барои ҳама иштирокчиён базми ҳақиқӣ гардид. Туҳфаи асосӣ – хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе миёни мизоҷони хизматрасонии интиқоли маблағ аз Спитамен Бонк ба бозӣ гузошта шуда буд. Соҳиби хушбахти ин туҳфа муаллими синфҳои ибтидоӣ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Мирзоев Маҳмадсиддиқ гардид. 


photo_5316834634304181722_y.jpg  
 
Ғайр аз туҳфаи асосӣ бисёр туҳфаҳои дигар, аз ҷумла зиёда аз 50 адад таҷҳизоти маишӣ ва 4 мошини сабукрав низ соҳибони худро ёфтанд:   
Холова Дилшод -  аз шаҳри Панҷакент;  
Хуҷамуродов Ҳайбулло - аз ноҳияи Шаҳритус; 
Шарифов Ҷумъахон - аз ноҳияи Фархор;  
Шамсзода Турдиалӣ -  аз шаҳри Ваҳдат.  
  
Ҳама иштирокчиёни иқдом имкон доштанд, ки яке аз туҳфаҳои арзишмандро ба даст оранд.  
  
 «Спитамен Бонк дар арафаи 15-умин солгарди таъсисёбиаш бо оғози иқдоми бе ҳамтои “Хона бурд намо-2” мизоҷон ва шарикони худро дар ҳайрат гузошт. Иқдом барои дастгирии муҳоҷироне, ки тавассути Спитамен Бонк ба Ватан маблағ ирсол менамоянд, пешбинӣ шуда буд. Ҳамчунин, мехостем муҳимияти интиқолҳои байналмилалиро, ки аз ҷониби Спитамен Бонк пешкаш мегардад ва интиқолҳои зуду бе хатар ва фоизҳои рақобатпазирро кафолат медиҳад, қайд намоем” – иброз намуд менеҷери минтақавии бонк дар вилояти Хатлон, Фируз Шарипов. 
 
photo_5316834634304181723_y.jpg

Хотиррасон менамоем, ки раванди бурди туҳфаҳо комилан шаффоф ва объективӣ буд. Ғолибон тавассути генератори ададҳои тасодуфӣ, дар ҳузури комиссияи на камтар аз 4 нафар муайян гардиданд. Натиҷаҳои қуръакашӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мустақиман пахш гардиданд. 
  
Маълумоти муфассалро доир ба иқдому  пешниҳодҳои  минбаъда метавонед аз сомонаи расмии мо: www.spitamen.com пайдо кунед, ё ба маркази тамос бо рақами +992(44)6406565 муроҷиат  намоед.https://www.spitamenbank.tj/ru/news/117693/


Возврат к списку