Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Семинари навбатии "Хуш омадед" дар ш. Хуҷанд

	

Семинари навбатии "Хуш омадед" дар ш. Хуҷанд

30.01.2024
photo_5316834634304181784_y.jpg

Рӯзи 20-уми январ намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи Спитамен Бонк дар филиали шаҳри Хуҷанд барои кормандони нав семинари «Хуш омадед» баргузор намуданд. 
  
«Хуш омадед» семинарест, ки аз ҷониби бонк бо мақсади ошноии кормандони нав бо сохтор, маҳсулот ва навовариҳои бонк гузаронида мешавад. Дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ сардорони шуъбаҳо ва намояндагони Раёсати Спитамен Бонк оид ба дастовардҳо, фарқияти Спитамен Бонк аз дигар ташкилотҳо дар бозори молиявӣ ва сохтори бонк нақл карданд, инчунин аз нақшаҳои умумӣ барои ояндаи наздик ибрози андеша намуданд.  

photo_5316834634304181783_y.jpg
    
Семинар ба кормандони нав имкон дод, ки бо роҳбарияти бонк ва сардорони шуъбаҳо мулоқот кунанд, саволҳо диҳанд ва бо ҳар як самт аз надик шинос шаванд. Дар семинарҳо кормандони ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ ва филиалҳои вилояти Суғд фаъолона иштирок намуда бо туҳфаҳои брендӣ ва маҳсулоти сувенирии бонк сарфароз гардонида шуданд. 
Менеҷери минтақавӣ ва директори филиал дар шаҳри Хуҷанд хоҳиши кормандони навашонро доир ба аз худ кардани маълумот фаъолона дастгирӣ намуданд.   
 
photo_5316834634304181785_y.jpg

Барои навкорон, ин оғози ҷолиб барои дониш омӯхтан, имконияти олӣ барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, пайдо кардани шиносҳои нав ва муҳимтар аз ҳама, бо ҳайати роҳбарикунандаи бонк аз наздик шинос шудан буд.


Возврат к списку