Ҷоми "Спитамен Бонк 2023" оид ба футбол
20.11.2023

Спитамен Бонк байни кормандони худ чемпионат оид ба футбол баргузор намуд. Чемпионат ҳамаи иштироккунандагонро бо мақсади намоиши маҳорату малакаҳои варзишӣ ҷамъ овард.
Мақсади ин чорабинӣ - таҳкими руҳияи гуруҳӣ, муттаҳид кардани даста ва ҷалби таваҷҷуҳ ба аҳамияти тарзи ҳаёти солим буд. Дар чемпионат ҳамаи хоҳишмандон иштирок доштанд ва аз рӯи дараҷаи тайёрӣ ба дастаҳо тақсим шуда буданд.

Бозии финалии чемпионат барои ду дастаи пурзуртарин имтиҳони хақиқӣ буд, ки онҳо тавонистанд бозии ҳайратоварро нишон диҳанд. Дар натиҷа ба дастаи ғолиб ҷоми асосӣ, медалҳо ва дигар мукофотҳои арзишманд супорида шуд.
Инчунин бозингарони беҳтарин низ интихоб шуданд:
Дарвозабони беҳтарин - Саидзода Шаҳром;
Ҳимоятгари беҳтарин - Аҳмадзода Дилшод;
Асистенти бехтарин - Тохтаров Курабек;
Ҳамлагари беҳтарин - Ҷамшед Раҳимов;
Нишонзани беҳтарин - Икромов Субхон;
Ҳамаи иштироккунандагон ҳиссиёти мусбат ва таҷрибаи бебаҳои дастаҷамъии коллективиро гирифтанд, ки дар фаъоляти минбаъда ёрӣ хоҳад расонд.

Гузаронидани чемпионат на танҳо барои иштироккунандагон, балки барои тамоми бонк як воқеаи муҳим буд. Он нишон дод, ки варзиш ва тарзи ҳаёти солим як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги корпоративии Спитамен Бонк буда, дар оянда дастгирӣ ва инкишоф хоҳад шуд.