Лоиҳаҳои инноватсиониро дар шаҳри Хуҷанд дастгирӣ намудем
16.11.2023
Спитамен Бонк лоиҳаҳои инноватсиониро дар соҳаи маориф дастгирӣ намуд: Бонк сарпарасти Ҳакатон шуд.
Аз 10-ум то 12-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чорабинии "Ҳакатон" баргузор гардид, ки дар он Спитамен Бонк ҳамчун сарпарасти расмӣ баромад кард. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён лоиҳаҳои инноватсионии худро дар соҳаи маориф муаррифӣ намуданд.
Ҳакатон бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои инноватсионии таълимӣ ва рушди ғояҳои созанда дар ин самт ташкил карда шудааст. Иштирокчиёни ин Ҳакатон - мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён буданд, ки андешаҳои худро дар соҳаи маориф пешниҳод намуданд.
Ҳакамони озмун лоиҳаҳоро аз рӯи меъёрҳо: аз қабили навоварӣ, актуалӣ ва аҳамияти амалӣ арзёбӣ карданд.
Сарпарастии чунин чорабиниҳо аз ҷониби Спитамен Бонк хоҳиши онро барои дастгирии рушди фанновариҳои инноватсионӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бонк барои ҷавонони боистеъдод имкон фароҳам меорад, ки худро муаррифӣ намуда дар пешрафти соҳаи маориф саҳмгузор бошанд, ки ин дар ояндаи наздик метавонад боиси беҳбудии сифати хизматрасонии таълимӣ дар кишвар гардад.
Чунин дастгирӣ имкон медиҳад, ки сифати таълим беҳтар гардида, барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шавад.