Спитамен Бонк дар форуми байналмилалии «Молия бидуни марз 2.0» сазовори мақоми махсус гардид
16.11.2023

Чорабинӣ дар шаҳри Тула баргузор шуда, намояндагони бахши молияи кишварҳои ИДМ ва дигар минтақаҳои ҷаҳонро гирди ҳам овард.
Форуми “Молия бидуни марз 2.0”, ки бо ҳадафи табодули таҷриба байни молиядорони кишварҳои мухталиф ва баррасии мушкилиҳо ва имкониятҳои нав дар бахши молияи байналмилалӣ ташкил шудааст, як минбари муаррифии лоиҳаҳо ва стратегияҳои нави рушди низоми бонкӣ гардид.
Спитамен Бонк мақоми «Бонки универсали»- ро сазовор шуд, ки аз васеъ будани доираи хизматрасониҳои бонк, аз ҷумла қарздиҳӣ, кушодани суратҳисобҳо ва гузаронидани амалиётҳо шаҳодат медиҳад. Ин ҳам тасдиқи эътимоднокӣ ва устувории бонк аст, ки онро барои мизоҷон ҷолибтар мекунад. Мо минбаъд низ саъй хоҳем кард, ки хизматрасониамонро беҳтар ва қулай гардонем», - гуфт Дилшод Исҳоқов, Сардори Департаменти кортҳои бонкии Спитамен Бонк.
Дар рафти форум намояндагони Спитамен Бонк бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои дигар ҳамсуҳбат шуда, оид ба муваффақиятҳои худ муошират карда роҳҳои имконпазири ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.