Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Пешниҳоди кортҳои виртуалии MasterCard, ҳамчун қадами навовари рушди хизматрасониҳои бонкӣ дар Тоҷикистон

	

Пешниҳоди кортҳои виртуалии MasterCard, ҳамчун қадами навовари рушди хизматрасониҳои бонкӣ дар Тоҷикистон

18.09.2023
photo_5197367859813143886_y.jpg
   
Бо дарназардошти навовариҳои технологӣ, Спитамен Бонк кортҳои виртуалии MasterCard-ро ба роҳ монд, ки он як қадами муҳиме барои рушди низоми бонкӣ шуд.

Рӯзи 13 сентябр дар Қазоқистон намояндагони Спитамен Бонк ва MasterCard созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Зимни ин сафар масъалаҳо оид ба имкониятҳо ва бартариятҳои MasterCard дар бозори Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
  
Кортҳои виртуалӣ - як роҳи замонавӣ ва бехатар, барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасониҳо дар шабакаи интернет, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла пардохтҳои коммуналӣ, боҷҳои давлатӣ ва зиёда аз 250 намуди хизматрасониҳои дигар мебошанд. Маълумоти корт метавонад барои хариди якдафъаина, обуна ё ҳатто ташкили буҷети алоҳида барои як давраи муайян истифода шавад.

photo_5197367859813143887_y.jpg

 "Мо боварии комил дорем, ки ин шарикӣ манфиатҳои назаррас меорад ва омили муҳими рушди бонк дар замони пардохтҳои рақамӣ ва навовариҳои молиявӣ хоҳад буд. Спитамен Бонк мизоҷони худро қадр карда, кӯшиш мекунад,  ки ба онҳо навгониҳои пешрафтаро пешниҳод кунад, ки ба талаботи муосири бозор ҷавобгӯ бошанд» - қайд намуд муовини якуми Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк”, Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич.

 Раванди гирифтани корти виртуалии MasterCard хеле осон аст ва ҳамагӣ якчанд дақиқаро мегирад. Барои гирифтани корти виртуалӣ, мизоҷ бояд замимаи Spitamen Pay-ро зеркашӣ кунад, аз мушаххасгардонӣ гузарад, корт ба таври худкор дар бахши кортҳо пайдо мешавад.


photo_5197367859813143888_y.jpg

 Барои маълумоти муфассал метавонед ба рақами 6565 занг занед (занг аз рақамҳои мобилии ҶT ройгон аст).


Возврат к списку