Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк сарпарасти расмии чорабинии "Зебо"

	

Спитамен Бонк сарпарасти расмии чорабинии "Зебо"

08.09.2023

photo_5190484788174245461_y.jpg

Рӯзи 7 сентябр Спитамен Бонк ҳамчун сарпарасти расмии чорабинии «Зебо», ки дар боғи меҳмонхонаи «Серена» баргузор шуд, баромад кард. 
 
Чорабинии мазкур ба таҳкими арзишҳои оилавии занон дар ҷомеа ва иқтисодиёт, инчунин васеъ намудани имкониятҳои онҳо барои муттаҳидсозии оила ва рушди касбу кор ва соҳибкорӣ равона шуда буд. 
Дар чорабинӣ таърихи муваффақияти занони соҳибкор намоиш дода шуда, семинарҳои омӯзишӣ оид ба роҳбарӣ, саводнокии молиявӣ ва дигар малакаҳои зарурӣ барои пешрафти бомуваффақияти мансаб гузаронида шуданд. 
 

photo_5190484788174245460_y.jpg


Спитамен Бонк дастгири худро аз занони сохибкор тавассути барномахои карздин, ки ба хар кас барои рушд ё сохти тихорати шахсии худ мусоидат мекунад, пешкаш менамояд. Дар чорабини як намунаи дурахшони буд, ки чи гуна тихорат ва оила барои ноил шудан ба муваффакият яккоя кор карда метавонанд. 
 
Намояндаи Спитамен Бонк зимни суханронӣ ба арзишҳои оилавӣ, рушди соҳибкорӣ ва дастгирии занон таъкид кард: «Мо боварӣ дорем, ки дастгирии занони соҳибкор омили муҳими рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиёт мебошад. Аз ин рӯ, мо хушнудем, ки ҳамчун сарпарасти расмии ин чорабинӣ баромад карда, барои таҳкими мавқеъи занон дар бахшҳои гуногуни фаъолият мусоидат мекунем», - иброз дошт Тухтаназарова Хосиятхон, мудири идораи маркетинг ва рушди бизнес. 
 
photo_5190484788174245459_y.jpg

Спитамен Бонк чанд сол боз сарпарастии чунин чорабиниҳоро ба ӯҳда дорад ва мо бо ҳар роҳ кӯшиш мекунем, ки бонуҳои зебо дар тиҷорат муваффақ шаванд. Мо маҳсулотеро барои занони соҳибкор бо нархҳои рақобатпазир таҳия кардем (https://www.spitamenbank.tj/tj/news/130371/). 

photo_5190484788174245463_y.jpg
 
Ҳамкориҳои Спитамен Бонк бо созмонҳои занон ва ташаббусҳое, ки ба дастгирии занон нигаронида шудаанд, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк мебошад.


Возврат к списку