Бо Спитамен Бонк табиатро ғамхорӣ кунед
22.08.2023

Спитамен Бонк ба мизоҷони худ маҳсулоти наву беназири қарзиро, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст, пешниҳод мекунад.
Спитамен Бонк яке аз аввалинҳо шуда дар бозори молиявии Тоҷикистон барномаи нави қарздиҳиро ҷорӣ мекунад, ки ба аҳолӣ барои саҳмгузор будан дар ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим кӯмак мерасонад. Маҳсулоти нав бо назардошти эҳтиёҷоти мизоҷон, ки мехоҳанд технологияҳои каммасраф ва безарарро истифода баранд, омода шудааст.
Қарзҳои пешниҳодкардаи Спитамен Бонк дорои меъёри фоизии хеле ҷолиб – 21% бо сомонӣ ва 14% бо доллар мебошанд, ки ба мизоҷон имкон медиҳанд бо сарфаи назаррас дар ҳифзи муҳити зист саҳми худро гузоранд. Ин шартҳои қарз барои мизоҷоне дастрасанд, ки мехоҳанд таҷҳизоти маишии синфи А+ (каммасраф), электромобил ва дигар маҳсулотеро, ки ба сарфаи нерӯи барқ кӯмак менамояд, харидорӣ кунанд. Муҳлати қарз аз 3 то 48 моҳ буда, барои хариди электромобил бошад пешпардохти 30% аз арзиши мошин ҳатмист.
"Мо хеле ифтихор дорем, ки ба мизоҷони худ чунин маҳсулоти қарзии муҳим ва муфидро пешниҳод карда метавонем. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯза мебошад. Боварӣ дорем, ки ҳар яки мо бояд дар мубориза бо ин мушкилот саҳми худро гузорем. Маҳсулоти мо натанҳо ба мизоҷон имкони харидории молҳои заруриро бо фоизҳои дастрас фароҳам меорад, балки дар истеъмоли сарфакоронаи қувваи барқ ва ба рафтори аз ҷиҳати экологӣ масъул будан ҳавасманд мегардонад"- гуфт Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич, муовини аввали Раиси Раёсати ҶСП "Спитамен Бонк".
Мизоҷоне, ки мехоҳанд қарз аз рӯи барномаи сарфаи қувваи барқ гиранд, метавонанд ба филиали наздиктарини Спитамен Бонк муроҷиат намоянд. Мутахассисони мо ҳамеша омодаанд, ки оид ба ҳама шартҳои қарздиҳӣ муфассал маълумот диҳанд ва барои гирифтани қарз кӯмак расонанд.
Спитамен Бонк яке аз бонкҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳама намуди хизматрасониҳои молиявиро ба мизоҷон пешкаш менамояд. Мо шодем, ки натанҳо шарики боэътимоди молиявӣ, балки иштирокчии фаъоли рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошем. Барномаи нави қарздиҳии сарфаи қувваи барқ яке аз кӯшишҳои мо барои фароҳам овардани ояндаи устувор аст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақами 6565 занг занед ва ё ба воситаи мессенҷерҳои рақами (992) 888862222 бо мо тамос гиред.