Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Калонтарин иқдом: хонаи 2 ҳучрагӣ дар шаҳри Душанбе, 4 автомобил ва дигар туҳфаҳои пурҳашамат!

	

Калонтарин иқдом: хонаи 2 ҳучрагӣ дар шаҳри Душанбе, 4 автомобил ва дигар туҳфаҳои пурҳашамат!

01.06.2023
Калонтарин иқдом: хонаи 2 ҳучрагӣ дар шаҳри Душанбе, 4 автомобил ва дигар туҳфаҳои пурҳашамат!

Спитамен Бонк бори дигар рекордҳоро барҳам дод! Бахшида ба 15-солагии таъсисёбии худ Бонк оғози иқдоми беҳамторо барои мизоҷони хизматрасонии интиқоли маблағ таҳти унвони «Хона бурд намо-2» эълон мекунад.

Ҳашамати иқдом ин дафъа дучанд гардидааст. Туҳфаҳо аз қабили техникаи маишӣ, 4 автомашинаи нав ва хонаи ду ҳуҷрагӣ бо масоҳати 60 метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе аз ширкати сохтмонии “Себистон-2018” интизори соҳибони худ мебошанд.
«Хона бурд намо»- лоиҳаест, ки соли дуввум аз ҷониби «Спитамен Бонк» барои дастгирии муҳоҷироне, ки ба Ватан маблағ мефиристанд, роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом роҳи сипосгузорӣ ба мизоҷон барои боварӣ ва садоқати онҳост.
Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки Спитамен Бонк шартҳои муфидро барои интиқолҳои байналмилалӣ пешкаш менамояд. Бонк интиқоли зуду бехатар ва комиссияи рақобатпазирро кафолат додааст.

Агар Шумо то ҳол мизоҷи Спитамен Бонк набошед, пас вақт ва имкони хубест барои мизоҷ шуда, дар иқдом иштирок намудан.

Киҳо иштирокчии иқдом мешаванд?

Ҳамаи мизоҷоне, ки тавассути низомҳои интиқолии дар нуқтаҳои хизматрасонии Спитамен Бонк ва ё ба кортҳои Спитамен Бонк тариқи МТС, СберБонк, Тинкофф, Киви, ТКБ ва дигар барномаҳо интиқол қабул мекунанд.

Фонди туҳфавӣ:

Хона дар шаҳри Душанбе (60 метри мураббаъ)

4 автомобили тамғаи KIA;
7 яхдон;
7 телевизор;
7 мошинаи ҷомашӯӣ - автомат;
7 чангкашак;
7 тафдони микромавҷӣ;

Муҳлати гузаронидани иқдом:
1.06.2023 то 31.12.2023

Чанд маротиба интиқол кардан мумкин аст?

Бе маҳдудият интиқол кардан мумкин аст. Ҳар қадар интиқол зиёд бошад, имкони бурд кардани туҳфаҳои арзишнок ва шоҳҷоиза ҳамон қадар зиёд мешавад. 

Маблағи ҳадди ақали интиқол барои иштирок чӣ қадар аст?

- бо доллар аз 500,00 USD;
- бо евро аз 500,00 EUR;
- тавассути низоми интиқоли пулӣ (NPCR) аз 20 000,00 RUB;
- ба корт (Cards) аз 20000,00 RUB.

Киҳо иштирокчии иқдом намешаванд?

Барои таъмини шаффофияти иқдом, кормадони Спитамен Бонк ва хешовандони наздики онҳо дар иқдом иштирок карда наметавонанд.

Инчунин, дар иқдом ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок карда наметавонанд.

Ғолибон чӣ тавр муайян карда мешаванд?
Ғолибон тавассути генератори ададҳои тасодуфӣ дар ҳузури комиссияи иборат аз 5 нафар муайян карда мешаванд. Ба ғолиб дар муддати 1 соат 3 маротиба занг зада мешавад, агар мизоҷ гӯшакро набардорад ва ё телефон хомӯш бошад, туҳфа аз сари нав ба бозӣ гузошта мешавад.

Шартҳои гузаронидани иқдом:
- ғолибони туҳфаҳои қимматбаҳо ҳар моҳ муайян карда шуда, ғолибони хона ва 4 мошин дар фарҷоми иқдом муайян карда мешаванд. Раванди иқдом дар пахши мустақими шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи интихоби ғолиб дар сомонаи интернетии www.random.org ва нашри натиҷаҳои бозӣ дар саҳифаҳои расмии Спитамен Бонк: Facebook, Instagram, spitamen.com ва дигар ВАО амалӣ мегардад.

Шартҳои дигари иқдом:
- иқдом дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нуқтаҳои хизматрасонии бонк мавҷуданд, паҳн мешавад;

- корт бояд мушаххас гардонида ба рақами телефони дорандаи корт пайваст бошад;

- дар иқдом иштирок намекунанд: ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони бонк ва шахсони бо бонк алоқаманд;

- бурд бекор карда мешавад, агар: корт ба рақами телефони шахси дигар пайваст бошад ё маълумоти дорандаи корт нодуруст қайд шуда бошад;

- ба ҳар як мизоҷи интиқолкунанда рақами мушаххас таъин карда мешавад ва ҳар қадар интиқол бештар бошад, ҳамон қадар имконияти бурд зиёд мешавад;

- як талон – як маротиба бурднок ҳисобида мешавад.

Маълумоти муфассал:

Ҳамаи маълумоти вобаста ба иқдом дар сомонаи spitamen.com, дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин радио, телевизион ва дигар ВАО фаъол нашр карда мешавад.

Ғайр аз ин, маълумотро дар бораи иқдоми «Хона бурд намо-2» тавассути маркази тамоси бонк бо рақамҳои +992 (44) 6406565 ва ё 6565 аз телефони мобилӣ (занг ройгон) гирифта метавонед.

Спитамен Бонк – шоиста зиндагӣ намо!


Возврат к списку