Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Вохӯрии намояндагони Спитамен Бонк бо Moneycorp.

	

Вохӯрии намояндагони Спитамен Бонк бо Moneycorp.

02.06.2023

photo1685705290 (2).jpeg

Спитамен Бонк рушди ҳамкориҳои худро бо ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ идома медиҳад. Имрӯз мо бо хушнудӣ дар бораи вохӯрӣ бо намояндагони Moneycorp хабар медиҳем.
Moneycorp шарики боэътимод ва ботаҷриба дар соҳаи пардохтҳои байналмилалӣ мебошад. Мо сатҳи кунунии ҳамкориҳоро баҳои баланд медиҳем ва омодаем ҳамкориамонро бо онҳо густариш диҳем

photo1685705290 (1).jpeg

Зимни вохӯрӣ мо имкониятҳои беҳтар намудани фаъолияти пардохтро баррасӣ карда, ба ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намудем. Итминон дорем, ки ба шарофати саъю кӯшиши дуҷониба метавонем ба натиҷаҳои нав ноил гардем ва ба мизоҷон хизматрасонии боз ҳам беҳтарро пешкаш кунем.

photo1685705290.jpeg

Спитамен Бонк ҷонибдори такмили пайвастаи хизматрасонии пардохт мебошад ва мо шодем, ки Moneycorp рисолату арзишҳои моро мепазирад. Якҷоя мо метавонем технологияҳо ва навовариҳоро ба ин соҳаи муҳими бонкдорӣ ворид кунем, то ба мизоҷони худ сатҳи баланди хизматрасониро пешкаш намоем.



Возврат к списку