Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
54321

Ройгон

хизматрасонии консерж

То 6 маротиба дар 1 сол

боздид аз толорҳои тиҷоратии Lounge Key

То 12% тахфиф

дар Agoda.com ва Booking.com
Visa Infinite

Афзалиятҳо

картинка

Саёҳат дар тамоми ҷаҳон

банд кардани зиёда аз 985 000 меҳмонхона
картинка

Хизматрасонии суғурта

то 2,5 миллион доллар барои сафар
картинка

Хизматрасонии консерҷ

хизматрасонии фаврӣ бе интизориҳои тӯлонӣ
Барои кушодани корт кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?arrow
  • шиносномаи шаҳрванди ҶТ;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

  • Талабот ба гирандаи корт:
  — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  — синну сол на кам аз 18 сола;
Ман метавонам ПИН-рамзи кортамро иваз кунам?arrow

ПИН-рамзи кортро дар банкомат ё дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ иваз кардан мумкин аст.

Агар ПИН-рамз нодуруст ворид шавад, чӣ рӯй медиҳад?arrow

Дар ҳолати се бор нодуруст ворид кардани ПИН-рамз, корт бо таври автоматӣ маҳкам ва мусодира мешавад. Ин чораи махсуси бехатарӣ аст, ки барои ҳолатҳои дуздида шудани корт ва тахминан ёфтани ПИН-рамз пешбинӣ шудааст. Агар корти “Спитамен Бонк” дар банкомати бонки мазкур дармонад, Шумо метавнед онро баъд аз муроҷиат ба Бонк дубора ба даст биёред.
 
Агар корти “Спитамен Бонк” дар банкомати дигар бонк монад, бояд ба бонки соҳиби банкомат муроҷиат кунед. Одатан, баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, корт ба соҳибаш баргардонида мешавад.

Баъд аз гирифтани пули нақд аз банкомат ё пардохт тариқи POS-терминал, гирифтани корт ва расидро фаромӯш накунед.

Оё ман метавонам муҳлати кори кортро дароз кунам ё ин ки бояд навашро гирам?arrow

Тамоми кортҳои бонкӣ муҳлати муайяни корӣ доранд. Баъд аз ба анҷом расидани муҳлати корт, барои гирифтани корти нав ба бонк муроҷиат кунед.

Оё метавонад шахси дигар корти маро аз бонк гирад?arrow

Бале, агар он шахс ваколатномаи бо таври нотариалӣ тасдиқшуда дошта бошад, метавонад корти шуморо аз бонк гирад.

Кортҳои шуморо дар хориҷа истифода бурда метавонам?arrow

Албатта, бо кортҳои низомҳои байналмиллалии Visa ва UnionPay, новобаста аз асъори суратҳисоби корт, Шумо дар хориҷи кишвар метавонед пардохт анҷом диҳед ва аз банкоматҳо пули нақд гиред.

Оё ман метавонам ба суратҳисоби кортиам аз хориҷа пул гирам?arrow

Бале, барои ин бояд ба шахси ирсолкунандаи маблағ реквизитҳои кортро пешниҳод кунед.

Агар маблағи тавассути терминал пур кардаам нагузарад, ба куҷо муроҷиат кунам?arrow
Дар ин ҳолат мизоҷ ба маркази зангҳои Спитамен Бонк занг зада, аризаи электронии худро мегузорад. Ариза таҳлил гашта, дар давоми 3 рӯзи корӣ маблағ гузаронида мешавад.

Агар маблағи тавассути терминал пур кардаам кам гузарад, чӣ бояд кард?arrow
Дар ин ҳолат мизоҷ ба маркази зангҳои Спитамен Бонк занг зада ( ё тариқи чат), аризаи электронии худро мегузорад. Ариза таҳлил гашта, дар давоми 3 рӯзи корӣ маблағ гузаронида мешавад. Аризаи электронӣ бояд дорои маълумотҳои зерин бошад: ному насаб, суроғаи терминал, санаи пардохт, маблағи пардохт, номгӯи пардохти нагузашта (сервис), рақамҳои мобилии мизоҷ, номгӯи пардохти нав
Ҳаққи хизматрасонӣ тавассути терминалҳои пардохтии Спитамен Бонк чанд фоиз мебошад?arrow
Ҳамаи амалиётҳое,ки тавассути терминалҳои Спитамен Бонк гузаронида мешаванд, бидуни комиссия мебошанд.


Дар ҳолати гум шудан ё дуздида шудани корт чӣ бояд кард?arrow
Дар ҳолати гум шудан ё дуздида шудани корт, соҳиби корт бояд дарҳол ба маркази занҳои Спитамен Бонк занг зада хоҳиш намояд, ки фавран корташро хомӯш кунанд (барои пешгирӣ намудан аз қаллобон).
Корт дар муддати чанд рӯз омода мешавад?arrow
Кортҳо дар муддати аз 3 то 5 рӯзи корӣ дар шаҳри Душанбе омода мешаванд. Ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми 2 ҳафтаи корӣ бурда расонида мешаванд.

Возврат к списку